Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҳиҷоби Гулбаргро дар Тоҷикистон "таҳдид" мешуморанд?

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оғози соли нави таҳсил баҳси ҳиҷоб дигарбора доғ шуд, зеро дар мактабҳои чанде аз кишварҳои минтақа пӯшидани ҳаргуна либоси динӣ манъ аст.

Гулбарг, як аз зумраи занони эътиқодмандест, ки ҳиҷоб мепӯшад ва панҷ вақт намоз мехонад. Дар Тоҷикистон, ки бештари аҳолиаш мусалмонанд, вале даҳсолаҳост тавассути як ҳукумати сахт дунёвӣ раҳбарӣ мешавад, ба ӯ ҳамчун «як навъи таҳдид» менигаранд.

Ин нуктаро худи Гулбарг, ки бо далелҳои амниятӣ номаш тағйир дода шудааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳам зикр кард. Ӯ, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, гуфт: «Дар рӯзи аввали таҳсил устоде хоҳиш кард, ки рӯймоламро бикашам, чун пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳову донишгоҳҳо манъ аст. Ӯ гуфт, шахсан ман зидди ҳиҷоби ту нестам, аммо қонун, қонун аст».

Масъалаи ҳиҷоб кайҳост, ки дар Осиёи Марказӣ ба як мавзӯи доғ ва баҳсбарангез табдил ёфтааст. Ҳукуматҳои минтақа пайваста кӯшидаанд, ки фаъолиятҳои мустақилонаи исломӣ ва ақоиди динии мардумро зери назорат гирифта маҳдуд кунанд. Аз ҷумла дар масъалаи ҳиҷоб ҳам.

Қоидаҳои пӯшидани либоси исломӣ дар кишварҳои минтақа фарқ мекунанд, вале пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон комилан манъ аст. Ин баҳсҳо ҳафтаҳои охир, ҳамзамон бо оғози соли нави таҳсил ва ба мактабҳову донишгоҳҳо баргаштани миллионҳо донишҷӯ, дубора авҷ гирифт.

Манфиати амнияти миллӣ

Дар Қазоқистон Жулдиз Сулаймонова вазири маориф гуфт, дар сурати иҷоза додани ҳиҷоб ба духтарон ҳатто мактабҳои хусусӣ «метавонанд аз иҷозанома маҳрум шаванд». Ва ин дастур барои бархе аз мактабҳои Қазоқистон мушкил эҷод кардааст.

Як омӯзгори мактаби миёна дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки нахост номаш ошкор шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд духтар дар синфи ӯ аз гирифтани ҳиҷобашон худдорӣ кардаанд. Ин омӯзгор гуфт: «Мудир ва муовинонаш намедонанд, ки бо кадом асос метавонанд, ин духтаронро аз мактаб хориҷ кунанд. Мактаб ҳатто имтиҳони ғайрибарномавии хаттӣ гирифт, то бо баҳонаи баҳои бад онҳоро пеш кунад.» Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳар чаҳор духтар имтиҳонро бо муваффақият супориданд.

Мақомоти идораҳои маорифи Қазоқистон ҳанӯз соли 2016 дастуреро роҷеъ ба либоси ягонаи мактабӣ содир карда буданд, ки аз ҷумла, пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ мекунад. Аз он замон то кунун, ин мавзӯъ сабаби мухолифати ҷонибдорони таҳсилоти дунявӣ ва афроде шудааст, ки бовар доранд, ба духтарони мусалмон бояд иҷозаи пӯшидани рӯсарӣ ё ҳиҷоб дода шавад. Мақомоти Қазоқистон мавзӯи ҳиҷобро ҳамчун масъалаи амнияти миллӣ ва ҳифзи сохтори дунявии кишвар тавсиф мекунанд.

Солҳои охир Осиёи Марказӣ ба хатари ифротгароии динӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, ки мақомот ба решаҳои аслии ифротгароӣ таваҷҷӯҳ накарда, фақат ҳуқуқи мазҳабии мардумро маҳдуд намудаанд.

Тарси амиқ аз ислом?

Коршиносон мегӯянд, баҳси ҳиҷоб баёнгари муборизаи васеътарест сари он аст, ки ҳукуматҳои дунявӣ то куҷо омодаанд, ба ибрози озодонаи эътиқоди динӣ майдон диҳанд.

Давид Канкарини, пажӯҳишгари муқими шаҳри Милани Итолиё, ки масъалаҳои Осиёи Марказиро меомӯзад, мегӯяд, ҳиҷоб «аёнтарин ҷанбаи» ин баҳс аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматҳо шакли расмӣ ва меъёрии исломро ташвиқ мекунанд, аммо аз дин ҳамчун нерӯи мустақили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бим доранд.

Канкарини ба Радиои Озодӣ гуфт: «Тарси амиқ аз ислом ҳукуматҳоро водор кардааст, ки ҳаргуна маносики динии берун аз назорати давлатро саркӯб созанд».

Аҳмад Фурқон Озёкор, коршиноси сиёсати минтақавӣ дар Донишгоҳи Отатурки Туркия мегӯяд, ислом бахши муҳими таърих ва ҳуввияти миллии Қазоқистон аст, аммо фаъолиятҳои динӣ ҳанӯз ҳам зери назорати сахт қарор дорад. Ӯ мегӯяд: «Мавзӯи ҳиҷоб аз он ҷиҳат ҳассос аст, ки ҳуввияти диниро дар ҳар муассисае, ки давлат онро комилан дунявӣ эълон кардааст, равшан нишон медиҳад.»

Ба бовари ӯ, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ афзоиши диндориро худ ба худ таҳдид намебинанд. Аҳмад Озёкор афзуд: «Нигаронии онҳо бештар аз баёни ошкори эътиқоди динӣ ё созмонҳоест, ки берун аз сохторҳои расмӣ амал мекунанд. Бавижа, вақте ки онҳо метавонанд ба як нерӯи мустақили иҷтимоӣ ё сиёсӣ табдил ёбанд».

Ин нигаронӣ ва тарс бахусус дар Тоҷикистон ва Узбекистон аёнтар аст, ки дар он ҷо маъмурони милиса ва пулис борҳо алайҳи занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор амалиётҳои вижа гузаронидаанд.

Ваҷҳи ҳукуматҳо дар ҳарду кишвар ин аст, ки маҳдудиятҳои либоси исломӣ барои ҳифзи сохтори дунявӣ ва амнияти миллӣ зарур аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ва Туркманистон либосҳои суннатии миллиро дар муқобили он чӣ мақомот «либоси бегона» меноманд, ташвиқ мекунанд.

Қирғизистон танҳо кишвари Осиёи Марказист, ки то ҳанӯз пӯшидани ҳиҷобро расман манъ накардааст, агарчӣ ин мавзӯъ дар он ҷо низ баҳсҳоеро барангехтааст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG