Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания ва Аргентина дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Тими миллии Аргентина бо шикаст додани мунтахаби Англия ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика - ҷараён дорад, роҳ ёфт.

Бозии дувуми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 байни тимҳои миллии Англия ва Аргентина шаби 16-уми июл дар варзишгоҳи «Мерседес-Бенс Стэдиум» дар Атланта, ИМА баргузор шуда, бо пирӯзии аргентиниҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Ин бозиро гурӯҳи ҳакамон бо роҳбарии Исмоил Ал-Фатҳ (ИМА) доварӣ карданд.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳамлагари мунтахаби Англия Энтони Гордон дар дақиқаи 55-ум ҳисобро кушод. Нимҳимоятгари мунтахаби Аргентина Энсо Фернандес дар дақиқаи 85-ум ҳисобро баробар намуд. Ҳамлагари аргентиниҳо Лаутаро Мартинес дар дақиқаи 90+2 голи дувумро ба самар расонда, ҳисоби ниҳоиро 2:1 кард.

Бояд зикр намуд, ки ҳарду голи аргентиниҳо бо пас ё ирсоли тӯб аз ҷониби сарвони даста Лионел Месси ба дарвозаи инглисҳо ворид гардид.

Ёдовар мешавем, бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Фаронса ва Испания, ки шаби 15-уми июл дар варзишгоҳи «Эй-Ти-энд-Ти» (Арлингтон, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Сардовари ин бозӣ Иван Бартон аз Санта-Ана, Салвадор буд.

Дар дақиқаи 22-юм ҳамлагар Микел Оярсабал тӯбро аз пеналти ба дарвоза ворид намуда, мунтахаби Испанияро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 58-ум ҳимоятгар Педро Порро голи дувуми испаниҳоро ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, дар финали қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 мунтахаби Испания зери раҳбарии Луис де ла Фуэнте бо мунтахаби Аргентина (сармураббиаш Лионел Скалони) рақобат мекунад. Мунтахаби Фаронса бошад, бо роҳбарии Дидйе Дешам барои ҷойи севум бо тими Англия (сармураббиаш Томас Тухел) мубориза мебарад.

Ба ин тартиб, аз 104 бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 яксаду дутоаш анҷом пазируфт. То поёни мусобиқа ду бозии ҳалкунанда (барои ҷойи севум ва финал) боқӣ мондааст.

Бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқа байни тимҳои миллии Фаронса ва Англия 19-уми июл соати 02:00 бо вақти Душанбе дар Майамии ИМА доир мегардад.

Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 шаби 20-уми июл соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.

Мунтахаби Аргентина — қаҳрамонии феълии ҷаҳон барои ин унвони олӣ бори чаҳорум дар таърих талош мекунад. Мунтахаби Испания бошад, дар таърихи худ танҳо як бор — соли 2010 – ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.

Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026

1/2 финал

15-уми июл (чоршанбе)

Фаронса – Испания – 0:2

16-уми июл (панҷшанбе)

Англия – Аргентина – 1:2

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

19-уми июл (якшанбе)

02:00 – Фаронса – Англия (бо вақти Душанбе)

ФИНАЛ

20-уми июл (душанбе)

00:00 – Испания – Аргентина (бо вақти Душанбе)

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Лионел Месси (Аргентина) бо 8-голӣ пешқадаманд. Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо 7 гол дар ҷойгоҳи севум аст. Ҳарри Кейн (Англия) ва Ҷуд Беллингем (Англия) бо 6-голӣ дар зинаи чаҳорум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG