Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки аз 29-уми июн то 4-уми июл дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика доир гардиданд, ҳамаи ҷуфтҳои ҳаштякфинали мусобиқа маълум шуданд.
Тимҳои миллии Канада, Бразилия, Парагвай, Марокаш, Норвегия, Фаронса, Мексика, Англия, Белгия, ИМА, Испания, Португалия, Швейтсария, Миср, Аргентина ва Колумбия, ки дар даври 1/16-ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 рақибонашонро шикаст доданд, ба ҳаштякфинал роҳ ёфтанд.
Дар даври 1/16-ниҳоӣ Канада бар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (1:0), Бразилия бар Ҷопон (2:1), Парагвай бар Олмон (1:1, силсилаи пеналти – 4:3), Марокаш бар Нидерланд (1:1, силсилаи пеналти – 3:2), Норвегия бар Кот-д'Ивуар (2:1), Фаронса бар Шведсия (3:0), Мексика бар Эквадор (2:0), Англия бар ҶД Конго (2:1), Белгия бар Сенегал (3:2, замони асосӣ – 2:2), ИМА бар Босния ва Ҳерсеговина (2:0), Испания бар Австрия (3:0), Португалия бар Хорватия (2:1), Швейтсария бар Алҷазоир (2:0), Миср бар Австралия (1:1, силсилаи пеналти – 4:2), Аргентина бар Кабо-Верде (3:2, замони асосӣ – 2:2) ва Колумбия бар Гана (1:0) пирӯз шуданд.
Ҳамакнун дар 1/8 финал Канада бо Марокаш, Парагвай бо Фаронса, Бразилия бо Норвегия, Мексика бо Англия, Португалия бо Испания, ИМА бо Белгия, Аргентина бо Миср ва Швейтсария бо Колумбия рақобат мекунанд.
Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 4–8-уми июл, чорякниҳоӣ 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Бозии ниҳоӣ 19-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф Стэдиум" (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.
1/8 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):
4 июл
22:00. Канада - Марокаш (Хюстон)
5 июл
02:00. Парагвай - Фаронса (Филаделфия)
6 июл
01:00. Бразилия - Норвегия (Ню-Йорк)
05:00 Мексика - Англия (Мехико)
7 июл
00:00. Португалия - Испания (Даллас)
05:00. ИМА - Белгия (Сиэтл)
21:00. Аргентина - Миср (Атланта)
8 июл
01:00. Швейтсария - Колумбия (Ванкувер)
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси (Аргентина) бо 7 гол дар ҷойи аввал ва Килиан Мбаппе (Фаронса) бо 6 гол дар ҷойи дувум қарор доранд.
Ҳарри Кейн (Англия) ва Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо панҷголӣ зинаи севумро касб кардаанд. Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Винисиус Жуниор (Бразилия), Исмоил Сарр (Сенегал), Микел Оярсабал (Испания) ва Усмон Дембеле (Фаронса) бо чорголӣ шомиланд.