Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шифохонаи муносиб нест, кӯдаконро Душанбе мебарем"

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бисёре аз сокинон дар минтақаи Кӯлоб аз набудани шифохонаи махсус барои кӯдакон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, ки барои бунёди ин бемористон замин ҷудо шудааст, вале маълум нест корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешаванд.

Маърифат, як сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, барои табобати писари хурдсолаш тамоми минтақаи Кӯлобро гашт, вале бо сабаби набудани шароити мусоид, ба дарди ӯ даво наёфт. Ночор бо харҷи зиёд фарзандашро ба шаҳри Душанбе бурд.

"Дар инҷо тавсия доданд, ки ба Душанбе равам. Ба бемористони "Истиқлол" бурдам. Ташхис карданд, ки гӯшти зиёдатӣ доштааст. Онро ҷарроҳӣ карда гирифтанд. Агар ин дар Кӯлоб мешуд, шояд харҷ камтар мешуд",-мегӯяд ин сокини Фархор.

Минтақаи Кӯлоб, ки аз даҳ шаҳру ноҳия иборат аст ва яке аз гӯшаҳои сераҳолии Тоҷикистон ба шумор меравад, бемористони кӯдакона надорад. Сокинони корафтодае чун Маърифат солҳо боз хоҳони сохта шудани шифохонаи наву муосир ҳастанд.

Мақомот мегӯянд, барои бунёди бемористон замин ҷудо кардаанд, аммо маълум нест, сохтмони он кай оғоз мешавад.

Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, "мо бо раиси шаҳр ҳамсуҳбат будем. Ба вазири тандурустӣ мактуб пешниҳод шудааст. Замин муайян карда шуд. Ҳамин сол ва моҳҳои наздик лоиҳакашӣ ва сохтмон бояд оғоз шавад".

То соли 2019 дар Кӯлоб шифохонаи кӯдакона вуҷуд дошт. Онро барҳам дода, катҳояшро ба бемористони бисёрсоҳавии минтақа кӯчонданд.

Агар пештар бемористони кӯдакона 140 кат дошт, ҳоло дар инҷо фақат то 60 нафарро мепазиранд. Вале мушкил он аст, ки на ҳама навъи маризиро муоина ва табобат мекунанд. Баъзе корафтодаҳо маҷбур ба Душанбе мераванд.

"Шифохонаи муносиб нест, кӯдаконро ба Душанбе мебарем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар сохтмони нави бемористон ҷарроҳии кӯдаконро низ дар назар хоҳанд гирифт.

"Замин аз ҳисоби муаассисаҳои тандурустӣ буд. Дар ҳамон ҷо дар нақша дорем. На инки як беморхонаи кӯдакона, балки онҷо ҷарроҳии кӯдаконаро низ ҷой кардан мехоҳем",-гуфт Садриддин Ғаюров.

Дар умум дар Тоҷикистон қариб 5300 дармонгоҳу бемористон сабт шудааст.

Мақомот ҳар сол дар остонаи ҷашнҳои расмӣ аз бунёди муассисаҳои тиббӣ хабар медиҳанд. Бо ин вуҷуд, вазири тандурустии Тоҷикистон моҳи январи имсол дар нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки беш аз 60 бемористон таъмирталаб буда, зиёда аз 50 бемористон дар бинои идораҳои дигар ҷойгир карда шудаанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG