Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 6 паҳлавони ҷавони тоҷик дар"Тоскулоҳи бузург"-и Тифлис

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tbilisi Grand Slam 2026, ки рӯзҳои 20-22-юми март дар пойтахти Гурҷистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис то рӯзи 19-уми март 392 варзишгар (238 мард ва 154 зан) аз 51 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш нафар варзишгарони ҷавони аз 18 то 22-сола дохиланд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд:

-60 кг – Рамзиддин Азизов (18-сола)

-66 кг – Искандар Маҳмадхоҷазода (20-сола)

-81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода (22-сола)

-81 кг – Абубакр Шеров (22-сола)

-90 кг – Ардашери Ҳамза (18-сола)

-90 кг — Озаррахш Ҳомидов (20-сола)

Барномаи мусобиқа:

20-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

21-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

22-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 дар ҳайати ҳашт варзишгар дар сабқати мардон иштирок карда, бе медал монд.

Умуман, дар таърихи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис паҳлавонони тоҷик танҳо як медал гирифтаанд, ки ба Шаҳбоз Саидаброров марбут аст. Вай соли 2021 дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG