Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олии кишвар, ки 6-уми март оғоз меёбад, 12 даста иштирок мекунад. Инҳо дастаҳои «Истиқлол», КМВА (Клуби марказии варзишии артиш, ҳарду аз Душанбе), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз шаҳри Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ», “Сардор” (ҳарду аз шаҳри Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Истаравшан» (Истаравшан) ва “Парвоз” (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) мебошанд.
Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввали мусобиқа дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: «Регар-ТадАЗ» - «Равшан», «Истиқлол» - “Сардор”, “Парвоз” - «Истаравшан», «Ҳосилот» - КМВА, «Хуҷанд» - «Эсхата», «Вахш» - «Барқчӣ».
Тақвими пурраи бозиҳо дар мавсими нави қаҳрамонии Тоҷикистон бо истифода аз ҷадвали шатранҷбоз ва олими маъруфи австриягӣ Бергер тартиб дода мешавад.
Мисли соли гузашта мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мегардад ва ҳар як даста бо ҳар як рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар доираи мусобиқа ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар соли 2026 дар мусобиқаи Лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи порсолаи Лигаи олии Тоҷикистон “Истиқлол” ҷойи аввал, “Вахш” ҷойи дуюм ва КМВА ҷойи сеюмро соҳиб шуда буданд.
Гуфтугӯ