Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Индонезия ба финали Ҷоми футзали Осиё-2026 роҳ ёфтанд

Тими миллии футзали Эрон.
Тими миллии футзали Эрон.

Тимҳои миллии футзали Эрон ва Индонезия дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки рӯзи шанбеи 7-уми феврал дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад, рақобат мекунанд.

Дар даври ниманиҳоӣ, ки 5-уми феврал дар Ҷакарта баргузор шуд, тими миллии Эрон, қаҳрамони 13-каратаи Осиё, дастаи мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 4:2 шикаст дода, ба финали Ҷоми Осиё-2026 роҳ пайдо кард.

Дастаи мизбон – Индонезия - дар нимфинал бо қаҳрамони чаҳоркаратаи Осиё - мунтахаби Ҷопон – рақобат намуд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Дар замони изофа (ду қисми 5-дақиқаӣ) мизбонон ду гол зада, бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуданд. Индонезиягиҳо бори аввал ба финали Ҷоми Осиё баромаданд.

Ба ин тартиб, дар даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 рӯзи шанбеи 7-уми феврал тимҳои миллии Эрон ва Индонезия вориди рақобат мешаванд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Индонезия-Арена”-и Ҷакарта соати 17:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифт. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ - Индонезия ва Ироқ аз гурӯҳи “А”, Тайланду Ветнам аз гурӯҳи “В”, Ҷопон ва Узбекистон аз гурӯҳи “С”, Эрону Афғонистон аз гурӯҳи “D” – ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Аммо тими миллии футзали Тоҷикистон, ки дар гурӯҳӣ “С” бо ду имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар плей-оффи мусобиқа маҳрум гашт.

Мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кард. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Ҷоми футзали Осиё сар аз соли 1999 бори 18-ум сурат гирифтааст. Танҳо ду тими миллӣ – Эрон ва Ҷопон – ба дарёфти унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудаанд. Эрониҳо 13 бор ва ҷопониҳо 4 бор бо медалҳои тилои қаҳрамонии Осиё сарфароз гаштаанд. Эрон қаҳрамони феълии Осиё мебошад.

Ҷоми футзали Осиё-2026

Нимфинал

5-уми феврал (панҷшанбе)

Эрон – Ироқ – 4:2

Индонезия - Ҷопон – 5:3

ФИНАЛ

7-уми феврал (шанбе)

Индонезия - Эрон (17:00 бо вақти Душанбе)

Ҷакарта. Варзишгоҳи “Индонезия – Арена”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG