Ба гуфтаи онҳо, ин шаҳрванди бритониёӣ, ки гуфта мешавад хабарнигор аст, дар ҳамлаи мушакии Русия кушта шудааст. Ҳади ақал шаш тани дигар, аз ҷумла, чанд хабарнигор дар Донетск ва Харков захмӣ шуданд.
Аз сӯи дигар, Вячеслав Гладков, волии вилояти Белгороди Русия рӯзи гузашта дар сафҳаи "Телеграм"-и худ навишт, ки 6 ғайринизомӣ дар марзи ин минтақа дар ҳамлаҳои мушакии Украина кушта ва 12 тани дигар захмӣ шуданд.
Ӯ вазъияти 6 захмӣ, аз ҷумла, як духтари 16-соларо вазнин гузориш дод.
Радиои Озодӣ ба таври мустақилона ин иддаоҳоро таъйид карда наметавонад.