Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз Исроилу фаластиниён хост, ҷангро бас кунанд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Исроил ва созмони тундрави Ҳамос даъват кардаст, ки ба ҷангу хусумат хотима дода, созиши оташбас эълон кунанд ва сари мизи музокира биншинанд.

Ӯ рӯзи 17-уми август, дар суханронии онлайнӣ дар ҳамоиши “Садои Ҷаҳони Ҷануб”, ки Ҳинд онро мизбонӣ мекунад, гуфтааст: “вазъи фоҷеабори Фаластин имрӯз боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мо ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва музокироти мусолиматомез даъват менамоем.»

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки таъсиси кишвари мустақили Фаластин бар асоси қатъномаҳои пешини Созмони Милали Муттаҳид ягона роҳи ҳалли низоъ дар Ховари Миёна аст, ки ба қавли Раҳмон «эҳтимоли паҳн шудани алангаи он ба кишварҳои дигари минтақаи Ховари Миёна ҷой дорад.»

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои истиқрори як сулҳои пойдор дар Фаластин чораҳои муассир биандешад. Матни комили суханронии раиси ҷумҳур рӯзи 17-уми август дар хабаргузории давлатии "Ховар" ҳам нашр шуд.

Пас аз ҳамлаи маргбори созмони тундрави Ҳамос ба Исроил дар моҳи октябри соли гузашта низоъ байни Исроил ва ин созмон авҷ гирифт. Ҳамос дар он замон бештар аз 1500 исроилиро кушта ва даҳҳо тани дигарро гаравгон гирифт ва баъзеро ҳанӯз ҳам дар асорат нигаҳ медорад. Дар ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Исроил ба Навори Ғазза, ки таҳти контроли Ҳамос аст, то кунун бештар аз 40 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Қатли раҳбари сиёсии Ҳамос Исмоил Ҳания дар Теҳрон дар моҳи гузашта, ки онро кори дасти Исроил меноманд, нигарониҳо аз эҳтимоли ҷанги мустақим байни Исроилу Эронро барангехт.

XS
SM
MD
LG