Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марк Рютте – дабири кулли нави НАТО


Марк Рютте
Марк Рютте

Марк Рютте раҳбари нави НАТО, Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ, интихоб шуд. Вай то ин дам дар мансаби сарвазири Ҳолланд кор мекард.

Ҷаласаи сафирони кишварҳои узви НАТО рӯзи 26-уми июн дар Брюссел гузашт.

Марк Рютте курсии дабири кулли НАТО-ро дар як давраи пурмушкил барои Аврупо аз Йенс Столтенберг мегирад. Ҷанги идомадори Русия дар хоки Украина ба амнияти Аврупо таҳдид мекунад.

Столбенберг дар моҳи октябри соли 2014 сари кор омад ва аз он замон то кунун муҳлати раҳбариаш дар ин паймони бонуфузи низомӣ чор дафъа тамдид шудааст.

XS
SM
MD
LG