Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Ятимов ба дастаи “Ростов”-и Русия гузашт


Рустам Ятимов
Рустам Ятимов

Дарвозабони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов минбаъд фаъолияти варзишиашро дар бошгоҳи футболи “Ростов”-и шаҳри Ростови лаби Дон, ки дар Премйер-лига ё лигаи бартари Русия бозӣ мекунад, идома медиҳад.

Бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва «Ростов» дар бораи гузариши дарвозабони 25-сола Рустам Ятимов созишнома ба имзо расониданд.

Ба иттилои бошгоҳи «Истиқлол», маблағи гузариши дарвозабон Рустам Ятимов ба дастаи «Ростов» зиёда аз 250 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дастаи “Ростов”, ки сармураббиаш Валерий Карпин мебошад, мавсими гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия бо 43 имтиёз дар байни 16 тим мақоми ҳафтумро касб кардааст.

Рустам Ятимов, ки шогирди бошгоҳи «Волга»-и Нижний Новгороди Русия мебошад, аз тобистони соли 2018 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард ва дар ин муддат бо даста қаҳрамони шашкаратаи кишвар, барандаи чоркаратаи Ҷоми миллӣ, инчунин Суперҷоми Тоҷикистон шудааст.

Ӯ ҳамроҳ бо даста ба марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 роҳхат гирифта буд/

Ятимов дарвозабони асосии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аст. Вай дар ҳайати мунтахаби кишвар 44 бозӣ кардааст. Ӯ беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф гаштааст.

Тибқи фарзияи портали Transfermarkt, нархи дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов боло рафта, акнун арзиши он дар бозор 1,2 млн евроро ташкил медиҳад. Қаблан ӯ 900 ҳазор евро нарх дошт.

Ятимов гаронтарин дарвозабон дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ғайр аз ин, ӯ ба феҳристи 10-гона (ТОП-10)-и гаронтарин футболбозони минтақаи Осиёи Марказӣ шомил аст.

XS
SM
MD
LG