Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11%-и кӯдакон дар Узбекистон аз камғизоӣ ранҷ мекашанд


Андиҷон, акс аз бойгонӣ
Андиҷон, акс аз бойгонӣ

Бунёди кӯдакони Созмони Милал ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ гуфтааст, дар 63 кишвари дунё, ки дар миёнашон Узбекистон ҳам ҳаст, кӯдакон аз камғизоӣ ранҷ мекашанд.

Узбекистон дар ин радабандӣ дар мақоми 11-ум қарор гирифтааст. Дар рӯйхат 63 кишвар ба се гурӯҳ: сатҳи баланди камғизоӣ, миёна ва паст тақсим карда шудааст.

Ба кишварҳое, ки сатҳи пасти камғизоиро доранд, Белорус, Сербистон, Коста-Рика, Перу, Туркманистон ва дигарон шомил шудаанд.

Узбекистон дар қатори Арманистон, Қирғизистон, Миср ва Чин ба гуруҳи кишварҳои дорои сатҳи миёнаи камғизоӣ шомил шудааст.

Ба гуруҳи кишварҳое, ки сатҳи баланди камғизоиро доранд, Сомалӣ, Гвинея, Афғонистон, Эфиопия, Ҳиндустон, Покистон, Сенегал ва Тоҷикистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG