Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳвораи Чин дар тарафи торики Моҳ фуруд омад


Акси нимаи равшани Моҳ
Акси нимаи равшани Моҳ

Моҳвора ё дастгоҳи кайҳонии Чин, "Чанэ-6" ба тарафи торики Моҳтоб фуруд омад.

Мақомоти Чин хабар доданд, ки ҳадафи ин дастгоҳ ҷамъоварӣ ва интиқоли намунаҳое аз хоки моҳ ба замин аст.

То кунун ҳеч кишваре тарафи торики Моҳро, ки аз замин дида намешавад, таҳқиқ накарда буданд. "Чанэ-6" бояд давоми ду рӯз ду килогарм аз замини Моҳ намуна бигирад ва дубора ба сайёраи Замин баргардад. Донишмандони Чин тахмин мекунанд, ки эҳтимол ин дастгоҳи кайҳонӣ рӯзи 25-уми июн дар ҳудуди Муғулистон ба замин фуруд ояд.

Донишмандон мегӯянд, намунаҳо аз хоки Моҳ кумак мекунад, то дар бораи пайдо шудани Моҳтобу Замин ва тамоми системаи офтобӣ маълумоти бештар пайдо шавад.

XS
SM
MD
LG