Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, Қонуни танзими расму оин самар додааст


Бар асоси Қонуни танзими расму ойин баргузории ҷашнҳои бошукӯҳи хонаводагӣ манъ аст.
Бар асоси Қонуни танзими расму ойин баргузории ҷашнҳои бошукӯҳи хонаводагӣ манъ аст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, хароҷоти мардум барои маросимҳои ҷашну арӯсӣ ва ё азову мотам дар як солҳои ахир бисёр коҳиш ёфтааст ва ин ба шарофати қонуни танзими расму ойин аст, ки баҳси зиёдеро барангехта буд.

Дар як таҳлиле, ки “Ҷумҳурият” нашрияи расмии ҳукумат нашр кардааст, гуфта мешавад, ки агар соли 2006 сокинони Тоҷикистон барои “маъракаҳои тӯйи домодию арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ, хатна, зодрӯз ва ҳаҷ зиёда аз чор миллиард сомонӣ харҷ карданд.”

Ин рақам то соли гузашта ба шиддат поин омада ва “хароҷоти ин маъракаҳо дар соли 2023 қариб 521 миллион сомониро ташкил дод.” Дар ин таҳлил омадааст, ки масалан дар шаҳри Хуҷанд то соли то соли 2004 дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ оши наҳор бо иштироки то 1500 нафар ва домодталабон то 1000 нафар баргузор мегардид.

Дар водии Ҳисор дар тӯйи домодию арӯсӣ маъракаҳои хостгорӣ, сафедгирон, парчабуррон, маслиҳатошӣ, ордбезон, нонбандон, оши тӯй, арӯсбарон, сарҷилав, пойандоз, ҳафтталабон бо хароҷоти зиёд гузаронида мешуд”, вале ҳоло аз ин расму ойини ба гуфтаи мақомот зиёновар дигар нишоне нест.

Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, ки 17 сол пеш қабул шуд, баҳси зиёдеро барангехт, зеро онро дахолат ба зиндагии хусусии мардум медонистанд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон онро мамнӯъ кардааст.

Бар асоси ин қонун расму анъанаҳои зиёде манъ шуд ва то кунун барои риоят накардани ин қонун ҳазорон нафар ҷарима супурдаанд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз қонуни мазкур кам кардани хароҷот аз буҷаи оила ва боло бурдани некӯаҳволии халқ аст.

XS
SM
MD
LG