Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амири Кувайт парлумонро пароканда кард


Амири Кувайт Шайх Машъал ал-Аҳмад ас-Сабоҳ
Амири Кувайт Шайх Машъал ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

Амири Кувайт Шайх Машъал ал-Аҳмад ас-Сабоҳ рӯзи ҷумъа дар як суханронии телевизионӣ гуфт, ки парлумонро пароканда кардааст.

Амир инчунин гуфт, ки татбиқи баъзе моддаҳои Конститутсияро ба мӯҳлати на бештар аз чор сол боздошт ва, ба гуфтааш, дар ин муддат, тамоми ҷанбаъҳои раванди демократӣ омӯхта мешаванд.

Дар давраи чорсолаи гузор салоҳиятҳои парлумонро амир ва кабинаи вазирон ба дӯши худ мегиранд, хабар додааст телевизиони давлатӣ. "Кувайт вақтҳои охир рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронид ва ин чиз барои гумону таъхир дар қабули қарори сахт барои наҷоти кишвар ва ҳимояти манфиатҳои олии он дигар фурсате намегузорад», гуфтааст амир.

Амир чанд вакили маҷлисро дар «берун рафтан аз салоҳиятҳо» ва «дахолат ба умури амир оид ба интихоби валиаҳд» гунаҳгор кард. Валиаҳд, ки одатан раҳбари баъдии Кувайт мешавад, аз ҷониби амир таъин мегардад. Аз рӯи қонун, баъди марги амир ба таври табиӣ валиаҳд вориси тахт мешавад, аммо номзадии ӯро пеш аз ин бояд парлумон тасдиқ кунад.

Худи Шайх Машъали 83-сола баъди марги бародари 86-солааш декабри соли 2023 амири Кувайт шуд. Парлумони ҳоло парокандашуда моҳи апрел интихоб гардид, вале то ҳол ба кор шурӯъ накардааст. Майкл Ҳёрб, профессори улуми сиёсатшиносӣ дар донишгоҳи Ҷорҷия гуфт, «боздошта шудани кори парлумон метавонад Кувайтро ба як давлати худкомаи монанд ба шоҳигариҳои дигар дар Халиҷи Форс табдил диҳад».

XS
SM
MD
LG