Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финландия гузаргоҳҳои баҳриро бо Русия мебандад


Парчами Финландия
Парчами Финландия

Ҳукумати Финландия тасмим гирифтааст, ки аз рӯзи 15-уми апрели имсол гузаргоҳҳои баҳриро дар сарҳад бо Русия бибандад. Дар ин бора Хадамоти федеролии гумруки Русия хабар дод.

Финландия дар моҳи ноябри соли 2023 марзи заминии худро бо Русия баст ва дар аввали моҳи апрели имсол онро ба муддати номуайян тамдид кард.

Вазорати корҳои дохилии Финландия дар шарҳи тасмимаш гуфт, ки Русия ҳанӯз ба фиристодани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ва Африқо ба марзи ин кишвари аврупоӣ идома медиҳад.

Муҳоҷирон мехоҳанд, дар Финландия паноҳгоҳи сиёсӣ ёбанд. Тибқи қонун, онҳо пас гардонда намешаванд ва то анҷоми баррасии ариза бояд дар Финландия биистанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва теъдоде аз сокинони Финландия, бахусус онҳое, ки дар Русия хешованд доранд, аз ин тасмими мақомот интиқод карда, гуфтаанд, ин иқдом ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад.

Вазорати корҳои дохилии Финландия баста шудани сарҳадро бо Русия як чораи муваққатӣ, вале зарурӣ номид.

XS
SM
MD
LG