Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорҳо хона зери об монд. Тоҷикистон ба Қазоқистон кумак мефиристад


Тоҷикистон ба минтақаи аз обхезӣ зарардидаи Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад.

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни як суҳбату телефонӣ ба президент Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфтааст, ба ҳукумат дастур дод, то кумакҳоро барои интиқол ба мардуми осебдидаи Қазоқистон фавран омода кунанд. Кумакҳои башардӯстони Тоҷикистон аз маводи хӯрокворӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал иборат будааст.

Дар ин мулоқот ду президент масъалаи обхезии харобиовар дар минтақаҳои Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.

Чанда ҳафтаи ахир мардуми зиёде дар Қазоқистону Русия ҷабри обхезиҳоеро мекашанд, ки аз саввумин рӯдхонаи дарози Аврупо сар зад. Рӯдхонаи Урал, ки аз соҳилҳояш берун шуд, қисме аз шаҳри Оренбурги Русиро зери об монда, тақрибан 110 ҳазор нафарро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, дар Қазоқистон минтақа беш аз 12 ҳазор хона ва беш аз 17 ҳазор қитъаи замин зери об мондаанд. Дар 10 вилоят вазъияти фавқулодда эълон шудааст.

Сокинони қисме аз Петропавлск, маркази маъмурии шимоли Қазоқистон дар пайи ин ҳодисаҳо бе барқ мондаанд. Ҳукумати шаҳр гуфтааст, ба шабакаҳои хатти барқ осеб расидааст. Дар пай дар шаҳр камбуди оби ошомиданӣ пеш омадааст. Харидорони об дар мағозаҳо зиёд шуда, дар наворҳои нашршуда аз Петропавловск дида мешавад, дар назди мошинҳои калоне, ки ба сокинон об мерасонанд, мардуми зиёд навбат мепоянд.

Президенти Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 13-уми апрел эълон кард, ки барои сарфаи маблағ Форуми байналмилалии Остонаро, ки қарор буд рӯзҳои 13-14 баргузор шавад, лағв мекунад. Маблағе, ки бояд барои ташкили ҳамоиш сарф мешуд, барои рафъи оқибатҳои обхезӣ ва кумак ба мардуми зарардида равона мешавад.

XS
SM
MD
LG