Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар чоргонаи кишварҳои "олудатарин"-и ҷаҳон


Cозмони IQAir, қароргоҳаш дар Швейтсария, Тоҷикистонро дар қатори чаҳор кишвари ҳавояшон бисёр олуда ё нопок дар ҷаҳон гузоштааст.

Муаллифони гузориши "World Air Quality Report" сифати ҳаворо дар соли 2023 пешниҳод карданд.

Вазъи олудагии ҳаво дар саросари ҷаҳон бар асоси маълумоти беш аз 30 ҳазор истгоҳи назоратӣ дар 134 кишвар ва минтақа таҳия шудааст.

Бар пояи ин феҳрист, Бангладеш, Покистон ва Ҳинду Тоҷикистон дар садри кишварҳои олудатарини дунё қарор доранд.

Дар идома Буркина Фасо, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Непал, Миср ва Ҷумҳурии демократии Конго ҷой гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи гузашта гуфта буданд, ки соли 2023 дар фазои Тоҷикистон хокбод ё хокбориш 94 рӯз "ҳоким" буд.

Ба гуфтаи масъулони Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, пайдо шудани хокбодҳо аз ҳарорат, набудани бориш ва самту суръати шамол вобаста аст. Ба Тоҷикистон хокбодҳо асосан аз самти ҷанубу ғарб меоянд.

Ҳар сол созмонҳои байнулмилалӣ барои ҳалли масоили муҳити зист дар Тоҷикистон кумак мекунанд. То куҷо самарбахш истифода шудани онҳо зери суол аст, чун шаффофият дар харҷи онҳо дида намешавад

XS
SM
MD
LG