Расонаҳои Ҳинд навиштанд, ки ҳодиса шоми 16-уми марти имсол дар шаҳраки донишҷӯён рӯй дод.
Осебдидагон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон, Африқои Ҷанубӣ ва Шри-Ланка ҳастанд. Ду донишҷӯ – яке аз Шри-Ланка ва дигаре аз Тоҷикистон – дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Пулиси Аҳмадобод дар шабакаи “Х” навишт, ки дар ин ҳамла зиёда аз бист кас ширкат карда, аммо то кунун ду нафари онҳо дастгир шуданд.
Ҳукумати Гуҷарат ваъда додааст, ки “чораи қатъӣ меандешад” ва гумонбарони дигарро низ дастгир хоҳанд кард.
Расонаҳои Ҳинд аз қавли комиссари пулис Г. Малик навиштанд, ки “тақрибан 20-25 нафар вориди хобгоҳ шуда, ба зидди намозгузории донишҷӯёни хориҷӣ эътироз кардаанд. Дар натиҷа, ин гурӯҳ ба хориҷиён ҳамла карда, ба тарафи онҳо санг партофтанд ва ҳуҷраҳояшонро вайрон карданд.”
Ба гуфтаи Малик, дар Донишгоҳи Гуҷарат тақрибан 300 донишҷӯйи хориҷӣ мехонанд. Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон низ ин масъаларо баррасӣ кардааст.