Тоқаев дар пайи гуфтугӯ бо ҳамтои озарбойҷонияш Илҳом Алиев зери як қатор санадҳо, аз ҷумла созишнома дар бораи афзоиши тадриҷии ҳаҷми транзити нафти Қазоқистон тавассути Озарбойҷон имзо гузошт. Интизор меравад, сафари Тоқаев ду рӯз идома кунад.
Хабаргузории озарбойҷонии "АПА" дар остонаи сафари Тоқаев ба Боку бо ӯ суҳбатеро анҷом дод. Тоқаев дар ин суҳбат ба аҳамияти нақши масири байналмилалии нақлиётии фарохазарӣ, ки Чинро тавассути Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия ба Аврупо мепайвандад (Русияро давр мезанад), таъкид кардааст.
Ба гуфтаи Тоқаев, ҳаҷми интиқоли мол тариқи ин масир дар соли 2022 ду баробар ва дар соли гузашта 65 дарсад афзуда, ба 2,7 миллион тонна расидааст.