Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон "лимит"-и барқ бекор шуд


Вазорати энержии Қирғизистон хабар дод, ки маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони ин кишвар аз 8-уми март бекор карда шуд.

Манбаъ гуфтааст, коҳиши истифодаи нерӯи барқ имкон дод, ки маҳдудият бардошта шавад.

Шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони ин кишвар маҳдудияти "кутоҳмуддат" ҷорӣ шудааст.

Ба иттилои шабака, ин маҳдудиятро ба далели ҷараён доштани таъмир дар неругоҳҳои Тоқтогул ва Учқурғон, ки 5 март оғоз шудааст, ҷорӣ кардаанд.

Вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев дар шарҳи хабар изҳор дошт, ки таъмир дар неругоҳҳо бояд 20 феврали имсол оғоз мешуд, вале ба далели сардиҳо то 5 март ба таъхир гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG