Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Дар Қирғизистон 90% духтарон дар нақлиёт дучори табъиз шудаанд


Таҳқиқот: 90 дар сади занону духтарон дар Қирғизистон дучори табъиз шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Навад дарсади занону духтарон дар Қирғизистон дар нақлиёт дучори табъиз ё дастдарозӣ шудаанд. Ин натиҷаи таҳқиқи Дафтари ҳуқуқи башар, як созмон ғайридавлатӣ аст, ки якҷо бо идораи Омбудсмени Қирғизистон анҷом додааст.

Соли 2023 аз 250 занону духтарони пурсидашуда, аксарият гуфтаанд, дар нақлиёт мавриди дастдарозӣ қарор гирифтаанд.

Виктория Бирюкова, сокини Бишкек яке аз ҷабрдидаҳои табъиз аст. Ӯро, ки маъюби гурӯҳи як аст, маъмулан ҳамсабақонаш то нақлиёт гусел мекунанд ва модараш дар назди хона ба истиқболаш мебарояд. Ӯ аз ҳодисае дар як мусофирбар ёдовар шуд.

"Аз пушти ман як марди нохушоянд меистод. Ӯ ба ман хеле наздик мешуд. Байни шими ӯ ва домани ман фосила намонд. Ин хеле нафратовар ва даҳшатнок буд".

Ба нақли духтар, ӯ он лаҳза тарсид ва чӣ кор карданашро намедонист. Касеро ҳам ба кӯмак фарёд карда натавонист. Вале ин ҳолатро ҷавоне мушоҳида карда, ҷояшро ба духтар дод ва худаш дар байни ӯ ва мард истод.

Ҳоло Виктория дар як созмони ҳуқуқӣ кор мекунад. Дар ин ҷо ӯ аз мавридҳои зиёди табъиз алайҳи духтарон, махсусан бонувони маъюб дар нақлиёти ҷамъиятӣ огоҳ шуд.

"Мо наметавонем дар аввалин истгоҳ берун баромада гурезем. Маҷбурем ин ҳолатро тоқат кунем. Мо ҳеҷ вақт ба ин кирдори онҳо посух дода намтеавонем",-афзуд ӯ.

Хабарнигор, Александра Титова, муаллифи китоби "Аялдама" ё "Истгоҳ" аст. Дар он қиссаҳои одамоне ҷамъоварӣ шудааст, ки ба дастдарозӣ ва табъиз дар нақлиёти ҷамъиятӣ дучор шудаанд. Зимни назарпурсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксарият ба ӯ навиштаанд, ки ҳанӯз аз замони хурдсолӣ ё наврасӣ ба ин чиз рӯ ба рӯ мешудаанд.

"Ба назари ман, ин ҳама бо иҷозаи худи ҷомеа рух медиҳад, ин беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи одамони дигар, махсусан духтарон аст",-гуфт вай.

Александра ҳолатҳои дастдарозӣ дар нақлиётро ҷамъоварӣ ва дар саҳифаи ayaldama_kg нашру расонаӣ мекунад. Ӯ бовар дорад, ки бо ин роҳ метавонад бархӯрди ҷомеаро бо ин мушкил тағйир диҳад. Мехоҳад қурбониёни озори ҷинсӣ худро танҳо эҳсос накунанд ва бидонанд, ки мардуми зиёд аз онҳо ҳимоят менамоянд.

Александра Титова мегӯяд, "воқеан дар нақлиёт ҷой хеле танг аст, мо ҳама мусофирем, ҳама дар як ҳолатем. Вақте ҳодисае сар мезанад, ту метавонӣ вокуниш кунӣ ва шояд касе ба ту кӯмак намояд. Вале мутаассифона ман ваъда намедиҳам, ки ин бехатар аст. Чун ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки вақте духтарон хостанд, аз худ ҳимоят кунанд, латтукӯб шуданд".

Созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қирғизистон борҳо талош карданд таваҷҷӯҳи мақомот ва ширкатҳои нақлиётиро ба ин масъала ҷалб намуда, ҳатто барои ронандагони мусофирбарҳо курсҳои омӯзишӣ гузаронданд.

Дар мусофирбарҳои Бишкек ҳамчунин варақаҳое пайдо шуданд, ки дар он ба занон фаҳмонида шудааст, ки дар ҳолати дастдарозӣ чӣ кор кунанд.

Бакит Саримсаков, муовини раҳбари Раёсати нақлиёт дар Бишкек мегӯяд, "мехоҳам ба сокинон муроҷиат кунам. Агар шумо шоҳиди чунин ҳодиса шудед, бояд то ҳадди имкон дар телефон сабт кунед, то ин ин мушкил аз байн бурда шавад".

Дастдарозӣ ба духтарон дар нақлиёт на танҳо мушкили пойтахти Қирғизистон аст. Мусофирбарҳо дар хайтсайрҳои байнишаҳрӣ ҳам барои занон ҷойи амн нестанд.

Бино ба омор, маъмултарин навъи табъиз ин дар байни издиҳоми одамон ва ноаён даст расидан ба бадани зан аст. Аксари ҷабрдидаҳо ноболиғонанд. Дар ҳолатҳои хеле кам аз духтарон ҳимоят шудааст ва барои ин кор қариб касе ҳам ҷазо нагирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG