Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сафири пешини Украинаро дар Остона таҳти пайгард қарор дод


Петр Врублевский
Петр Врублевский

Додгоҳи ноҳияи Басмани шаҳри Маскав қарори ҳабси сафири пешини Украина дар Қазоқистон Петр Врублевскийро содир кардааст.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Басман ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, дипломати украинӣ таҳти пайгарди федеролӣ қарор дода шуд. Ба зидди Врублевский барои як изҳороташ дар соли 2022 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Врублевский дар моҳи августи соли 2022 дар мусоҳиба бо блогер Диас Кузаиров дар шарҳи ҳамлаи низомии Русия ба Украина гуфта буд, ки "талош мекунад, ҳар чи бештар русҳоро бикушад”.

“Ҳар қадаре, ки мо ҳоло мекушем, фарзандони мо ҳамон қадар камтар хоҳанд кушт", -- изҳор дошта буд сафири вақти Украина дар Остона.

Дертар масъулони Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар доданд, ки бо Врублевский суҳбат карданд ва ӯ барои ин суханҳояш узр пурсидааст. Ҷониби Русия аз Қазоқистон хост, Петр Врублевскийро ихроҷ кунад, вале Остона дар посух гуфт, ки дипломати украинӣ ба рухсатӣ меравад.

Президенти Украина Владимир Зеленский Петр Врублевскийро моҳи октябри ҳамон сол аз мақоми сафирии кишвараш дар Қазоқистон озод кард.

XS
SM
MD
LG