Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши муштзанҳои тоҷик барои роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024


Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки аз 3-юм то 11-уми март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор мешавад, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиалаи Порис-2024 мубориза мебаранд.

Дар ин мусобиқаи интихобӣ дар Италия иштироки 632 варзишгар (399 мард ва 233 зан) аз 112 кишвар, инчунин дастаи паноҳандагон, дар назар аст.

Муштзанҳо барои 49 роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 аз рӯи 13 вазн (7 вазн миёни мардон – 28 роҳхат, 6 вазн миёни занон – 21 роҳхат) талош мекунанд.

Аз ҷумла, дар ҳамаи вазнҳо варзишгароне, ки то даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд – 4 роҳхат дар ҳар вазн, ба истиснои вазни то 57 кг (2 роҳхат) ва то 60 кг (3 роҳхат) байни занон, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби кишвар дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ чунин аст: Рӯҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Меҳрон Шафиев (-51 кг), Асрор Воҳидов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Шаҳобҷон Шукуров (-71 кг), Шаббос Неъматуллоев (-80 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг).

Дуюмин ва охирин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс моҳи май дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир мегардад.

Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса доир мегардад.

Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло ду роҳхат гирифтаанд, ки ба риштаи бокс марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG