Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, ки 22-юми феврал ба Туркия рафт, аввалин тамринро дар шаҳри Анталия баргузор кард.
Ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”, даста дар ҷараёни омодагӣ ба мавсими нав, ки дар Анталия то рӯзи 8-уми март идома меёбад, чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Зимнан, дар сохтори бошгоҳи “Истиқлол” тағйирот ба амал омадааст. Шӯрои бошгоҳ таъсис ёфтааст, ки ба он Шоҳрух Саидзода, раиси бошгоҳ, роҳбарӣ менамояд.
Муҳсин Муҳаммадиев, ки аз моҳи июни соли 2022 ноиби аввали раиси бошгоҳ буд, бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифааш сабукдӯш шуд. Аммо дар бораи ба кадом кор гузаштани ӯ хабар дода нашудааст.
Шаҳзод Сулаймонов ба вазифаи мудири кулли даста ва Ҷаҳонгир Ҷалилов ба вазифаи мудири иҷроияи даста таъйин гардидаанд.
Собиқ бозигари “Истиқлол” Нуриддин Давронов дар вазифаи мудири варзишии даста фаъолият мекунад.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” шартномаҳои муҳлаташон ба охир расидаи сармураббӣ Игор Черевченко ва ёваронашро тамдид накард ва онҳо дастаро тарк намуданд.
"Истиқлол" бо роҳбарии Черевченко соли гузашта қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст.
Вале бошгоҳи “Истиқлол” то ҳоло дар бораи таъйин шудани сармураббии нави даста хабар надодааст.