Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Тотористон рафтааст


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз моҳи октябри 2023
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз моҳи октябри 2023

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ба Тотористон (Русия) рафтааст.

Мақомот гуфтанд, сафари Эмомалӣ Раҳмон “корист” ва мулоқоти ӯ бо раҳбарони Тотористон ва президенти Русия Владимир Путин дар назар аст. Путин ин шабу рӯз барои марги мухолифи сарсахташ Алексей Навалний дар зиндон танқид мешавад.

Ба хабари расмӣ, оқои Раҳмон дар ифтитоҳи мусобиқаҳои байнулмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” дар Тотористон ширкат мекунад.

“Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар ва минтақаҳои онҳо баррасӣ ҳоҳад шуд,” – гуфта шудааст дар торнамои президент.

Ин сафар ҳамагӣ пас аз чанд рӯзи дар Қатар будани Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ба онҷо низ бо “сафари корӣ” рафта, бо амири Қатар суҳбат кард ва пойгаи аспдавониро дид.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2023 низ ба Русия рафта буд. Ба кишваре, ки ба сабаби таҷовузаш ба хоки Украина зери таҳримҳои сахт қарор дорад.

Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ дониста мешаванд. Русия дар хоки Тоҷикистон пойгоҳи азимтарини низомии хориҷиашро ҷой додааст; соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.

XS
SM
MD
LG