Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Вето”-и Амрико ва идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза


Ғазза
Ғазза

Дар ҳоле ки Вашингтон рӯзи 20-уми феврал қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро барои оташбас дар Ғазза вето гузошт, нерӯҳои Исроил рӯзи 21-уми феврал ба ҳамлаҳои худ дар ин минтақаи дар ҳоли муҳосира идома доданд.

Дар қатънома ба зарурати оташбаси фаврии инсондӯстона таъкид шуда буд.

Амрико пештар гуфт, тарҳи пешниҳодии Алҷазоир музокироти Иёлоти Муттаҳида, Миср, Исроил ва Қатарро, ки бо ҳадафи боздоштани ҷанг ва озодии гаравгонҳо анҷом мешавад, ба хатар хоҳад андохт. Вашингтон дар иваз тарҳи худро пешниҳод кардааст.

Ройдиҳӣ дар Созмони Милал
Ройдиҳӣ дар Созмони Милал

Идомаи даргирӣ интиқоли ёриҳоро ба мардуми Ғазза ба таъхир андохтааст. Ҷое, ки ба ҳушдори Созмони Милали Муттаҳид беш аз ду миллион нафар бо қаҳтӣ дучор ҳастанд.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқа низ рӯзи 20-уми феврал гуфт, баъд аз он ки ба корвони мошинҳо тирандозӣ шуду онҳоро ғоратгарон рабуданд, ночор интиқоли ёриҳоро ба шимоли Ғазза бозмедорад.

“Мо дигар тоб оварда наметавонем," -- гуфтааст Аҳмад, сокини шаҳри Ғазза ва афзудааст, “орд надорем, намедонем, дар ҳавои сард ба куҷо равем. Мо тақозои оташбас дорем. Зистан мехоҳем."

Кӯдакони фаластинӣ
Кӯдакони фаластинӣ

Ҳоло нигаронии аксарият аз эҳтимоли ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ аст, ки дар он ҷо 1,4 миллион нафар дар паноҳгоҳҳои серодам ва хаймаҳои муваққатӣ ба сар мебаранд.

Гурӯҳҳои имдодрасон ҳушдор додаанд, ки ҳамлаи заминӣ метавонад Рафаҳро ба як "гӯристон" табдил диҳад. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, аввал паноҷҳӯён бояд аз онҷо берун бурда шаванд.

Ҷанг дар Навори Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) ба Исроил беш аз 1200 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун беш аз 29 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Бахше аз онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG