Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи ҷудо дар Тошканд омода мешаванд


Дар мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 1-3-юми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 16 варзишгар (12 мард ва 4 зан) намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2024” то ҳоло 465 варзишгар (240 мард ва 225 зан) аз 70 кишвар номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон 12 варзишгар – Меҳрзод Суфиаев, Ҳақдод Гулов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (- 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Мусоев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Акмал Муродов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни то 100 кг), Мансур Раҳмон ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Дар сабқати занон бошад, чаҳор нафар аз Тоҷикистон – Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа:

1-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

2-юми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

3-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпии IJF хоҳанд шуд.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар “Tashkent Grand Slam 2023” ду медал (як нишони тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тилло гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2024” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар соли равон маҳсуб мешавад.

Дар ду мусобиқаи имсола «Grand Prix Portugal 2024» ва “Paris Grand Slam 2024» паҳлавонони тоҷик бе медал монданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи “Baku Grand Slam 2024” бо як медали нуқра баргашт. Ин медалро Абубакр Шеров, паҳлавони 20-солаи тоҷик, дар вазни то 73 кило ба даст овард.

XS
SM
MD
LG