Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Тоҷикистон хост, 150 амали барои занон "мамнуъ”-ро бекор кунад


Хатлон. Занон ҳангоми кор. Акс аз бойгонӣ
Хатлон. Занон ҳангоми кор. Акс аз бойгонӣ

Як кумитаи Созмони Милал аз будани рӯйхати корҳои мамнуъ барои занон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар хабари Кумитаи маҳви табъйиз нисбат ба занон аз 19-уми феврал омадааст, Созмони Милал хулосаҳои худро дар бораи вазъи чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, нашр кард.

Ба ин тартиб, дар кумитаи мазкур бар ин назаранд, ки манъ будани кори занон дар "зери замин ва шароити зиёновар" ва дар бештар аз 150 касби дигар дар Тоҷикистон боис ба нигаронӣ аст.

Ба бовари коршиносони СММ, ин ҳолат ҳифзи аз ҳад зиёди занон ба ҳисоб меравад ва дар заминаи боварҳои қолабии ҷинсӣ ба бор омадааст.

Коршиносони СММ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додаанд, ки "кодекси меҳнатро ба қонунҳои нав дар бораи баробарӣ ва бетабъйизӣ мутобиқ карда, мамнуъ будани 150 касбу корро барои занон бекор гардонанд".

Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати корҳои “мамнуъ” барои занонро камтар кардааст. Агар то ин вақт 334 намуд кор барои занон манъ буд, пас, ҳоло ин шумора то 194 кам шудааст.

Бар асоси ин феҳраст, занон ҳаққи кор дар бахши истихроҷи маъдан, кафшергарӣ ва нақбканиро надоранд. Рӯйхати нави корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст, 30-юми декабри соли 2023 тасдиқ шуда, Радиои Озодӣ 23-юми январи имсол бо он шинос шуд.

Бар асоси рӯйхати нав, занон ҳақ надоранд ба ҳайси харрот, пармагар, нақбкан, кӯҳкан, устои бомбпӯш, наҷҷор, челонгар ва даҳҳо касби дигар кор кунанд.

XS
SM
MD
LG