Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодиро дар Русия шомили феҳристи созмонҳои номатлуб карданд


Вазорати адлияи Русия Бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро шомили феҳристи созмонҳои ғайридавлатие кард, ки фаъолияташон дар ҳудуди он кишвар номатлуб эътироф шудааст.

Пештар Додситонии кулли Русия фаъолияти ин радиоро номатлуб эътироф карда буд. Ба навиштаи расонаҳои Русия, Додситонии кулли Русия дар ин бора рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ чунин тасмим гирифтааст.

Акнун феҳристи созмонҳои "номатлуб"-и Русия аз 142 созмон иборат аст.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, созмонҳое шомили ин феҳрист мешаванд, ки фаъолияташон ба сохти конститутсионӣ, амният ва мудофиаи кишвар хатар дорад.

Созмонҳое, ки шомили феҳристи мазкур мешаванд, фаъолияташон дар ҳудуди Русия мамнуъ мегардад ва ба шаҳрвандони Русия иҷоза дода намешавад, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Дар сурати ҳамкорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.

Роҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи тартиб ва густариш додани феҳристи "агентҳои хориҷӣ" - ин "талоши беҳудаи Кремл барои рӯйпӯш кардани ноумедиҳояш аст, ки дар натиҷаи ҳамлаи нокоми режими Путин ба Украина ба бор омадааст".

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ - ширкати расонаии мустақили амрикоист, ки аз ҳисоби Конгресс тавассути Оҷонси ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад. Радиои Озодӣ бо 27 забон ва дар 23 кишвар - асосан он кишварҳое, ки озодии расонаҳо онҷо маҳдуд аст - барнома дорад.

XS
SM
MD
LG