Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нотаи Бишкек ба Остона баъди шикояти тоҷирони қирғиз


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 15 феврал ба суханҳои вакили порлумони ин кишвар Жанарбек Оқоев, ки гуфт ба соҳибкорони қирғизистонӣ дар бозори "Олтин Орда"-и Алмато фишор меоранд, посух дод.

Соҳибкорони қирғизистонӣ, ки дар бозори Алмато кор мекунанд, ба унвонии вазорат номаи дастаҷамъона навиштаанд ва консулгарии Қирғизистон дар Алмато бар асосои он ба намояндагии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар ин шаҳр ва шуъбаи пулиси ноҳияи Қарасойи он нота фиристодааст.

"Мулоқот бо роҳбарияти "Олтин Орда" дар рӯзҳои наздик дар назар аст. Дар ҳоли ҳозир ҷониби Қазоқистон муроҷиати консулгарии генералиро дар мавриди ҳалли ин вазъ баррасӣ мекунад. Ин масъала таҳти назорати вазорат ва ниҳодҳои хориҷии Қирғизистон қарор дорад", - омадааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.

Жанарбек Оқоев ахиран гуфт, даҳҳо соҳибкори қирғизистонӣ ба ӯ шикоят кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Алмато ба онҳо фишор меорад, то зидди тоҷири боздоштшуда Эрмек Маркабоев баёноти дуруғ диҳанд.

Эрмек Маркабоев, тоҷири қирғизистонӣ ва муовини мудири бозори "Олтин Орда" рӯзи 2 июни соли гузашта дар шоҳроҳи Алмато-Бишкек боздошт шуд. Додгоҳ ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG