Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Тоҷикистон 242 ҳазор китоби дарсии забони англисӣ дод


Сафорати Амрико дар Душанбе барои мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 242 000 китоби дарсӣ ба забони англисӣ тақдим кард. Китобҳо барои хонандагони синфҳои 10 ва 11 дар назар гирифта шудаанд.

Ин маводи таълимӣ рӯзи 15-уми феврал тайи маросиме, ки дар он Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, Намояндаи доимии Шабакаи Оқохон Қозидавлат Қоимдодов ва Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок доштанд, ба Вазорати маориф ва илм супурда шуд.

Ба иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, аз ин шумора 115 ҳазор китоб барои хонандагони синфҳои даҳ ва ҳамин миқдор барои мактабхонҳои синфҳо ёздаҳ дар назар гирифта шудааст. Ҳамчунин 12 ҳазор китоб барои омӯзгорон ихтисос дода шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки ҳамчунин 12 ҳазор CD-и дорои маводи таълимӣ барои муаллимон, дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гузошта шуд.

Тавре аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтанд, ин китобҳои дарсии забони англисӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм барои барномаҳои таълимии забони англисӣ мувофиқат мекунанд.

Сафорати Амрико мегӯяд, ки дар назар дорад дар дар оянда дар якҷоягӣ бо шарикон, барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 352 611 китоби дарсӣ бо забони англисӣ барои хонандагони синфҳои 8-9 таҳия ва пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG