Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Гурҷистон ҳайати ҳукумати навро тасдиқ кард


Ираклӣ Кобахидзе
Ираклӣ Кобахидзе

Порлумони Гурҷистон ҳайати ҳукумати нави ин кишварро ба раҳбарии Ираклӣ Кобахидзе тасдиқ кард.

Бахши гурҷистонии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки ҳайати ҳукумати нав бо ҷонибдории 84 вакили порлумон ва 10 раъйи мухолиф тасдиқ шуд.

Аъзои ҳукумати Гурҷистон тақрибан тағйир наёфтааст ва ягона нафари нав дар он вазири дифои ин кишвар Ираклӣ Чикованӣ аст.

Бар асоси Конститутсияи Гурҷистон, президент Саломе Зурабишвилӣ давоми ду рӯзи оянда бояд Кобахидзеро ба ҳайси сарвазир таъйин кунад.

Ираклӣ Кобахидзеи 45-сола ҳафтумин намояндаи ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" шуд, ки сарвазири он кишвар интихоб мешавад. Ираклӣ Гарибашвилӣ, ки аз моҳи декабри соли 2021 сарвазири Гурҷистон буд, 29-уми январ аз мансаб истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG