Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финали Ҷоми Осиё. Кӣ ғолиб мешавад - Урдун ё Қатар?


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё, ки 12-уми январ дар Қатар оғоз ёфта буд, бо бозии ниҳоӣ 10-уми феврал ба поён мерасад.

Дар финали Ҷоми Осиё-2023, ки шаби шанбе дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаил соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад, тимҳои миллии Урдуну Қатар рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби Урдун, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқот тими миллии Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, аввалин шуда ба финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Урдуниҳо, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз соли 2004 бори шашум иштирок мекунанд, бори аввал ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфтаанд.

Тими миллии Урдун бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Аммутаи марокашӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло шаш бозӣ анҷом дода, дар чаҳортоаш ғолиб шудаааст, як бозиро мусовӣ карда, дар як дидор шикаст хӯрдааст.

Мунтахаби Урдун дар гурӯҳи “D” бо касби 4 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Малайзия – 4:0, Баҳрайн – 0:1, Кореяи Ҷанубӣ – 2:2.

Мунтахаби Урдун дар ҳаштякфинал Ироқро бо ҳисоби 3:2, дар чорякфинал Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 ва дар даври ниманиҳоӣ Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Дастаи мунтахаби Қатар, ки дар даври ниманиҳоӣ тими миллии Эронро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, дуюмин шуда ба финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо намуд.

Мунтахаби Қатар, ки қаҳрамони феълии Осиёст, унвони худро ҳимоя хоҳад кард. Қатариҳо, ки аз соли 1980 дар Ҷоми Осиё иштирок мекунанд, соли 2019 баранда шудаанд.

Тими миллии Қатар бо роҳбарии сармураббӣ Бартоломе Маркес Лопеси испаниягӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло шаш бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб гаштааст.

Мунтахаби Қатар дар гурӯҳи “А” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Лубнон – 3:0, Тоҷикистон – 1:0, Чин – 1:0.

Мунтахаби Қатар дар ҳаштякфинал Фаластинро бо ҳисоби 2:1 ва дар чорякфинал Узбекистонро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.

Дарвоқеъ, дар ҳайати мунтахаби Қатар яке аз беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми Осиё-2023, ҳамлагар Акрам Афифи 27-сола бозӣ мекунад. Ӯ дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот баъди Айман Ҳусейн аз дастаи мунтахаби Ироқ, ки 6 гол задааст, дар ҷойи дуюм мебошад

Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё-2023, ки аз ҷониби AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ихтисос дода шудааст, 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба ҳар як дастаи ширкатдори мусобиқот дар Қатар 200 ҳазор доллар супурда мешавад. Барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ 1 миллион доллар ва ба финал 3 миллион доллар муқаррар шудааст. Дастаи ғолиб соҳиби 5 миллион доллар мегардад.

Зимнан, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар аз ҷониби AFC бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 200 ҳазор доллар мукофотонида мешавад.

Инчунин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби миллии кишвар барои аз гурӯҳ баромадан ва пирӯзӣ дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар 450 ҳазор доллар ҷудо кардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори аввал дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ кард, бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот дастоварди тозаеро дар таърихи варзиши кишвар сабт намуд.

XS
SM
MD
LG