Бозии дуюми даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Эрону Қатар шаби чоршанбеи 7-уми феврал дар варзишгоҳи Ал-Тумамаи шаҳри Доҳа доир гардид.
Ин яке аз бозиҳои сахту ҷолиб ва серголи Ҷоми Осиё-2023 буд, ки бо суръати баланд ва ҳуҷумҳои футболбозони ҳарду даста сурат гирифт.
Сардор Озмун, ҳамлагари эрониҳо, дар ибтидои нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 4-ум, ҳисобро кушод. Ӯ тӯбро бо зарбаи пуштнокӣ вориди дарвоза кард, ки ин голи хеле зебо буд.
Пас аз 13 дақиқа Ҷассим Габер аз дохили ҷаримагоҳ зарба зада, ҳисобро баробар намуд. Голи дуюми қатариҳоро ҳамлагар Акрам Афиф, дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 43-юм, ба самар расонд. Ин бозигари моҳир, ки дар ҷаримагоҳ дар иҳотаи чаҳор футболбози мунтахаби Эрон қарор дошт, бо зарбаи сахт тӯбро ба кунҷи дарвоза ворид кард.
Дарвоқеъ, ин голи панҷуми Афиф ба шумор меравад. Ҳоло ӯ дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 баъди Айман Ҳусейн аз дастаи мнутахаби Ироқ, ки 6 гол задааст, дар ҷойи дуюм мебошад.
Дастаҳо бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон ба танаффус баромаданд. Дар оғози нимаи дуюми бозӣ баъди зарбаи бозигари Эрон тӯб дар ҷаримагоҳ ба дасти футболбози қатариҳо расид.
Сардовари бозӣ Аҳмад Ал-Алӣ аз Кувайт пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро Алиризо Ҷаҳонбахш ба нишон расонд ва ҳисоб баробар шуд - 2:2.
Голи сеюм ва ҳалкунандаи бозиро Алмоез Алӣ, ҳамлагари қатариҳо, дар дақиқаи 82-юм зад. Ӯ тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба дарвозаи эрониҳо ворид кард.
13 дақиқаи иловакардаи сардовар ба замони асосии нимаи дуюми бозӣ ҳам пуршиддат гузашт, лаҳзаҳои голзанӣ барои ҳарду даста хеле зиёд буд, аммо ҳисоб тағйир наёфт.
Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 90+3 бозигари тими миллии Эрон Шуҷоъ Халилзода барои бозии хатарнок муқобили рақибаш аз майдон хориҷ шуд ва эрониҳо дар майдон як нафар кам буданд.
Ҳамин тариқ, бозии дуюми ниманиҳоӣ бо пирӯзии мунтахаби Қатар бо ҳисоби 3:2 ба поён расид ва мизбонон ба финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.
Дастаи мунтахаби Қатар дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 10-уми феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаили Қатар соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад, бо тими миллии Урдунрақобат мекунад.
Тими миллии Қатар, ки қаҳрамони феълии Осиёст, унвони худро ҳимоя хоҳад кард. Қатариҳо, ки аз соли 1980 дар Ҷоми Осиё иштирок мекунанд, соли 2019 баранда шудаанд.
Мунтахаби Қатар бо роҳбарии сармураббӣ Маркес Лопеси испаниягӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло шаш бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омадаанд.
Мунтахаби Қатар дар гурӯҳи “А” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Лубнон – 3:0, Тоҷикистон – 1:0, Чин – 1:0.
Мунтахаби Қатар дар ҳаштякфинал тими миллии Фаластинро бо ҳисоби 2:1 ва дар чорякфинал тими миллии Узбекистонро азрӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣбо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.
Тими миллии Эрон, ки 3-юми феврал дар бозии сеюми даври чорякниҳоии мусобиқот тими миллии Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карда буд.
Тими миллии Эрон яке аз муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Осиё-2023 маҳсуб мешуд. Эрониҳо се бор (солҳои 1968, 1972 ва 1976) барандаи Ҷоми Осиё ва панҷ маротиба (1980, 1988, 1996, 2004 ва 2019) соҳиби медалҳои биринҷӣ гардидаанд.
Мунтахаби Эрон бо роҳбарии сармураббӣ Амир Қалъанавӣ дар Ҷоми Осиё-2023 шашбозӣ анҷом дода, дар панҷтоаш пирӯз шуд ва яктоашро бохт.
Эрониҳо дар гурӯҳи “С” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Фаластин – 4:1, Ҳонконг – 1:0, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 2:1.
Мунтахаби Эрон дар ҳаштякфинал тими миллии Сурияро аз рӯи силсилаи пеналти ёзарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 5:3 (замониасосӣ ва изофа - 1:1) ва дар чорякфинал Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Кореяи Ҷанубӣ шаби сешанбеи 6-уми феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Ал-Райяни Қатар баргузор шуд.
Ин бозӣ ғайричашмдошти коршиносон бо пирӯзии урдуниҳо бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд.
Язан Ал-Наймат дар дақиқаи 53-юм тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ вориди дарвоза кард. Баъди 13 дақиқа Мусо Ал-Тамарӣ бо зарбаи сахт аз назди хатти ҷаримагоҳ ҳисобро афзун намуд – 2:0.
Зимнан, мунтахаби Урдун дар бозии аввалини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар 2-юми феврал тими миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
Мунтахаби Урдун муборизаро барои унвони қаҳрамони Осиё идома медиҳад. Ин даста, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз соли 2004 бори шашум иштирок мекунад, бори аввал ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфтааст.
Урдуниҳо бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Аммутаи марокашӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло шаш бозӣ анҷом дода, дар чаҳортоаш ғолиб шуда, як бозиро мусовӣ кардаанд ва дар як дидор шикаст хӯрдаанд.
Мунтахаби Урдун дар гурӯҳи “D” бо касби 4 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Малайзия – 4:0, Баҳрайн – 0:1, Кореяи Ҷанубӣ – 2:2.
Мунтахаби Урдун дар ҳаштякфинал тими миллии Ироқро бо ҳисоби 3:2, дар чорякфинал тими миллии Тоҷикистонро боҳисоби 1:0 ва дар даври ниманиҳоӣ дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Вале мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки ба назари коршиносон яке аз муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Осиё дар Қатар ба шумор мерафт, аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд.
Тими миллии Кореяи Ҷанубӣ ду бор (солҳои 1956 ва 1960) барандаи Ҷоми Осиё шуда, чаҳор бор (1972, 1980, 1988 ва 2015) барандаи медалҳои нуқра ва чаҳор маротиба (солҳои 1964, 2000, 2007 ва 2011) барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ягона дастаест аз Осиё, ки сар аз соли 1954 аз ҳама бештар (11 бор) дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, соли 2002 ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо роҳбарии сармураббӣ Юрген Клинсманни олмонӣ дар Ҷоми Осиё-2023 шаш бозӣ анҷом дода, дар сетоаш ғолиб омад, ду бозиро мусовӣ карда, яктоашро бохт.
Кореягиҳо дар гурӯҳи “Е” пас аз Баҳрайн (6 имтиёз) бо касби 5 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Баҳрайн – 3:1, Урдун – 2:2, Малайзия – 3:3.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ҳаштякфинал Арабистони Саудиро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои ҷаримавии 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) ва дар чорякфинал Австралияро дар замони изофа бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфта буд.
Ҷоми Осиё-2023
Даври ниманиҳоӣ
6-уми феврал (сешанбе), 20:00
Урдун – Кореяи Ҷанубӣ – 2:0
Голҳо: Язан Ал-Наймат, 53 (1:0), Мусо Ал-Тамарӣ, 66 (2:0).
Корти зард: Эҳсон Ҳаддод, 45+2, Муҳаммад Абу Ҳашиш, 64– Урдун; Ҳванг Ин-Бим, 15, Ҷунг Сунг-Ҳун, 84, Чо Гю-Сунг, 89.
Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
7-уми феврал (чоршанбе)
Эрон – Қатар – 2:3
Голҳо: Сардор Озмун, 4 (1:0), Ҷассим Габер, 17 (1:1), Акрам Афиф, 43 (1:2), Алиризо Ҷаҳонбахш, 51 – аз пеналти (2:2), Алмоез Алӣ, 82 (2:3).
Корти зард: Ҳоҷисафӣ, 21 – Эрон; Алмаҳдӣ Алӣ, 40, Аҳмад Фозӣ, 50, Маркес Лопес, 89 (сармураббӣ) – Қатар.
Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама
Финал
10-уми феврал (шанбе), 20:00
Урдун – Қатар
Лусаил. Варзишгоҳи миллӣ
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.