Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IPI аз Қазоқистон хост, қонуни баҳсбарангезро қабул накунад


Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот ё International Press Institute (IPI) гуфтааст, лоиҳаи қонун "Дар бораи расонаҳо", ки дар порлумони Қазоқистон баррасӣ мешавад, ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири бад хоҳад расонд.

Ба гуфтаи намояндагони созмон, дар сурати дар шакли ҳозира қабул шудани қонун кори расонаҳои хориҷӣ дар Қазоқистон бисёр маҳдуд ва хабаргузориҳо вазифадор мешаванд, ки дар ҳукумат худро расман сабтином кунанд.

Муовини мудири созмон Скотт Гриффен гуфт, IPI, аз ҷумла аз банди норавшани "таҳдид ба амнияти миллӣ" ва муқаррароти нав барои аккредитатсияи расонаҳои хориҷӣ нигарон аст.

Ба назари ӯ, пешниҳодҳо дар доираи ин қонун "метавонанд боис ба манъи кори худсаронаи хабарнигорони хориҷӣ дар Қазоқистон шаванд”.

Гурӯҳе аз вакилони порлумони Қазоқистон рӯзи 25-уми январи имсол тарҳ (лоиҳа)-еро тасдиқ карданд, ки ба мақомоти ин кишвари Осиёи Марказӣ иҷоза медиҳад, ба "сабабҳои амниятӣ" аз додани парвонаи кор (аккредитатсия) ба расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо худдорӣ кунанд.

Дар тарҳ ҳамчунин гуфтаанд, кори расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо бе аккредитатсия мамнуъ хоҳад буд.

"Тасмим дар бораи боздоштани фаъолияти расонаҳои хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ ва бе ҳукми додгоҳ гирифта хоҳад шуд," – зикр кардаанд муаллифон.

XS
SM
MD
LG