Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BBC: Русия пахтаи хоми Узбекистонро барои ҳадафҳои низомӣ мехарад


Таҳқиқоти рӯзноманигории бахши русии BBC (Би-би-сӣ) исбот кардааст, ки сарфи назар аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, Маскав тавонистааст, пахтаи хоми Узбекистонро барои ҳадафҳои низомиаш бихарад. Пахта барои истеҳсоли хока ё "порох" ва "снаряд" зарур аст.

Кумитаи давлатии саноати мудофиаи Узбекистон дар соли 2020 бо корхонаи хока ё "порох"-и Қазони Русия қарордод бастааст.

Таҳқиқот муайян карда, ки соли 2019 Корхонаи порохи Қазон аз Узбекистон 48 тонна пахтаи хом ва солҳои 2022 ва 2023 дар умум бо арзиши 2,1 миллион доллар 1225 тонна пахтаи хом харидааст.

Узбекистон ҳамчунин ба Корхонаи порохи Перми Русия ва Корхонаи кимиёии Алексински Русия пахтаи хом фурӯхтааст.

Инчунин, корхонаҳои дигари истеҳсоли хокаи Русия дар солҳои 2022 ва 2023 аз Узбекистон пахтаи хом харидаанд.

ВВС менависад, пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Узбекистон аст ва давлат то кунун парваришу фурӯши онро зери назорат дорад.

XS
SM
MD
LG