Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боз бонк мекобӣ." Чаро баъзе аз сокинон пули нақд медиҳанд? ВИДЕО


Масъулони корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” баъзе аз сокинонро ба риоя накардани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ гунаҳкор карданд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат гуфтааст, ҳамаи пардохтҳо бояд ғайринақдӣ сурат бигиранд, то фасодкорӣ нашавад. 

Усмон Давлатзода, мудири кулли “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, рӯзи 29-уми январ гуфт: “Асосан аҳолии деҳот ҳастанд. Онҳо бо кортҳо таъмин нестанд. Корхонаи мо ба ин низом гузаштааст.”

Сокинон мегӯянд, гуноҳи онҳо низ нест, чун ниҳодҳои давлатӣ бояд шароитро барои гузаштан ба тарзи нави пардохт аз қабл омода мекарданд.

“Барои мардум мушкилтар шуд. Агар мисли қабл ҳаққи хидматро ҷамъ мекарданд, беҳтар буд. Боз бонк мекобӣ, корт мекобӣ,” – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Ин ҳолат барои солмандони дастнигар душвории зиёд пеш овардааст. Онҳо ҳамчунон барои пардохти ҳаққи хидмати коммуналӣ ва ё пули барқу об пушти дари “Амонатбонк” навбат меистанд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи августи 2023 эълом дошт, ки ҳамаи пардохтҳои давлатӣ дар кишвар бояд ба шеваи ғайринақдӣ иҷро шаванд.

Ба онҳое, ки дар идораҳои давлатӣ аз сокинон барои пардохтани ҳаққи истифодаи обу барқ ё молиёт (андоз) пули нақд мегиранд, аз 680 то 1360 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG