Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, дар ҷануби Ғазза ҷангҳои шадид ҷараён дорад


Артиши Исроил гуфт, нирӯҳои ин кишвар рӯзи 28 январ дар ҷануби Ғазза вориди ҷангҳои шадид шуданд. Вазъ дар минтақа ва имкони оташбасро ҳамзамон раҳбари Оҷонсии марказии истихборот бо мақомоти Исроил, Миср ва Қатар баррасӣ намуд.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш ваъда дод, ки кӯмакро ба Оҷонсии паноҳандаҳои фаластинии СММ идома хоҳад дод. Ин оҷонсӣ дар маркази як моҷарои азиме қарор гирифт, чун шубҳае ба миён омад, ки кормандонаш метавонистанд дар ҳамла ба Исроил 7 октябри соли 2023 иштирок карда бошанд.

XS
SM
MD
LG