Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии се паҳлавони тоҷик дар Португалия


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии ҷудо - Grand Prix Portugal 2024, ки 26-уми январ дар шаҳри Одивеласи Португалия оғоз ёфт, ноком шуданд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), нахустин мусобиқаи мавсими нави ҷудо - Гран-Прии Португалия – бо ширкати беш аз 620 варзишгар аз 90 кишвар ҷараён дорад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа - 26-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон ва -60 кг, -66 кг байни мардон сурат гирифт.

Тоҷикистонро се нафар - Меҳрзод Сӯфиеви 24-сола ва Муҳаммадсолеҳ Қувватови 21-сола, ҳарду дар вазни то 60 кило байни мардон ва Аҳлия Муъминоваи 21-сола дар вазни то 52 кило миёни занон - намояндагӣ карданд.

Қувватов дар даври аввал бо ду “вазари” муқобили Игнасио Фреггиаро аз Аргентина пирӯз шуда, дар даври дуюм бар Тео Ҳебрард аз Фаронса, ки се “шидо” (огоҳӣ) гирифт, дастболо шуд. Вале Муҳаммадсолеҳ дар даври сеюм аз Турон Байрамови озарбойҷонӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Меҳрзод Сӯфиев бошад, дар вазни то 60 кило дар даври аввал бо се “шидо” муқобили ҷудокори ҳиндӣ Виҷай Кумар Ядавр дастболо гардид. Дар даври дуюм Меҳрзод бо Ғамзат Зоирбеков (AIN, дастаи бетараф) вориди рақобат шуд. Дар ин нерӯсанҷӣ паҳлвони тоҷик бо як имтиёзи “вазари” аз рақибаш мағлуб шуда, аз мусобиқа хориҷ гардид.

Аҳлия Муъминова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо имтиёзи “иппон” муқобили Габриела Димитроваи булғорӣ ғолиб шуд, вале дар даври сеюм аз Йерин Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд. .

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳашт паҳлавон миёни мардон ва як нафар миёни занон дохиланд:

Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Сӯфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Умедҷон Раҷабов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни то 90 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг).

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали Гран-Прии Португалия:

Мардон

-60 кг
1. Дилшодбек БАРОТОВ (Узбекистон)
2. Мишул АУГУСТО (Бразилия)
3. Турон БАЙРАМОВ (Озарбойҷон)
3. Юнгн Вей ЯНГ (Тайпейи Чин)

-66 кг
1. Яго АБУЛАДЗЕ (Русия)
2. Яшар НАҶАФОВ (Озарбойҷон)
3. Шинсей ХАТТОРИ (Ҷопон)
3. Комрон СУЛАЙМОНОВ (Озарбойҷон)

Занон

-48 кг
1. Никари ЙОШИДА (Ҷопон)
2. Кано МИЯКИ (Ҷопон)
3. Ҳабиба АБУҲАКИМОВА (Қазоқистон)
3. Нарансесег ГАНБААТАР (Муғулистон)

-52 кг
1. Диёра КЕЛДИЁРОВА (Узбекистон)
2. Река ПУПП (Венгрия)
3. Маша БАЛЛХАУС (Олмон)
3. Глафира БОРИСОВА (Русия)

-57 кг
1. Мими ХУХ (Ҷумҳурии Корея)
2. Даря ҚУРБОНМАМАДОВА (Русия)
3. Сейжа БАЛЛХАУС (Олмон)
3. Айами ТАКАНО (Ҷопон)

Барномаи ду рӯзи минбаъдаи мусобиқа:

27-уми январ (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

28-уми январ (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ба ҷуз аз медал, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ ва олимпӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дод ва дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Соли 2022 бошад, дар Гран-Прии Португол Комроншоҳи Устопириён, ки ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд, дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG