Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сон Ҳин Мин аз Роналду пеш гузашт ва беҳтарин футболбози Осиё шуд


Сон Ҳин Мин (аз чап)
Сон Ҳин Мин (аз чап)

Сон Ҳин Мин, ҳамлагари 31-солаи бошгоҳи «Тоттенҳэм»-и Англия ва дастаи мунтахаби миллии Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2023 эълон шуд. Ин ҷоиза дар корномаи ӯ нӯҳумин аст ва бори ҳафтум пайиҳам ба ин унвон даст ёфт.

Ғолиб аз рӯи раъйдиҳии хабарнигорон ва коршиносони футболи осиёӣ муайян шуд. Барои ин ҷоиза бозигарон аз кишварҳое, ки аъзои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ҳастанд, инчунин легионерҳо аз лигаҳои миллӣ муддаӣ буданд.

Мубориза барои унвони беҳтарин футболбози сол пуршиддат гузашт. Сон Ҳин Мин бо 22,9 дарсади овозҳо ғолиб шуд.

Мақоми дуюмро ҳимоятгари «Бавария»-и Олмон ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Ким Мин Ҷэ бо 19,54 дар сади овозҳо соҳиб гашт. Дарвоқеъ, Кими 27-сола қаблан беҳтарин футболбози соли 2023 дар Кореяи Ҷанубӣ гардида буд.

Ҳамлагар Криштиану Роналдуи 38-солаи португолӣ, ки дар бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, бо 17,06 дар сади овозҳо дар ҷои сеюм қарор гирифт.

Зимнан, Сон Ҳин Мин соли 2022 ҷоизаи Премйер-лига ё Лигаи бартари Англия “Кафши тиллоӣ” (Бутсаи тиллоӣ”)-ро соҳиб шудааст. Вай дар таърих аввалин ҳамлагар ва футболбоз аз қораи Осиё мебошад, ки дар Премйер-лигаи Англия 100 гол задааст.

XS
SM
MD
LG