Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нави корҳои хориҷии Фаронса ба Киев сафар кард


Вазири корҳои хориҷии Фаронса Стефан Сежурне (аз чап) ва ҳамкори украиниаш Дмитро Кулеба дар шаҳри Киев. 13 январ
Вазири корҳои хориҷии Фаронса Стефан Сежурне (аз чап) ва ҳамкори украиниаш Дмитро Кулеба дар шаҳри Киев. 13 январ

Вазири нави корҳои хориҷии Фаронса Стефан Сежурне рӯзи 13 январ, дар шароите, ки Русия ҳамлаҳои ҳавоии мушакиашро болои Украина идома медиҳад, вориди шаҳри Киев шуд. Сафари якрӯзаи дипломати калони фаронсавӣ ба Киевро чун пуштибонии идомаёбандаи Ғарб аз ин кишвар дар ҷанги Русия арзёбӣ мекунанд, ки инак 22 моҳ давом дорад.

Сежурне дар паёме дар бораи сафари нахустинаш ба Киев дар ин мақом дар шабакаи Х, собиқ Твиттер навишт: “Тахминан ду сол аст Украина дар ҷабҳаи пеш барои дифоъ аз истиқлолияти худ ва ҳифзи амнияти Аврупо қарор дорад”.

Айни замон, муборизаҳои Украина барои дарёфти сармоягузорӣ аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо идома доранд, то ки муқовиматашро ба артиши Русия идома диҳад. Маҷористон ё Венгрия барои кӯмакҳои аврупоӣ монеа эҷод мекунад.

Вазири нави корҳои хориҷии Фаронса Стефан Сежурне дар Киев гуфтааст, “бо вуҷуди мураккаб шудани бӯҳрон, Украина дар мадди аввали назари Фаронса буд ва мемонад”. Ӯ гуфтааст, ҳоло “принсипҳои бунёдии қонунҳои байналмилалӣ, арзишҳои аврупоӣ ва ҳам маниатҳои амниятии Фаронса” дар маркази диққат қарор доранд. Ӯ гуфт, “Русия ба ин умед аст, ки Украниву тарафдоронаш пеш аз вақт хаста мешаванд, вале азми мо қавӣ аст”.

XS
SM
MD
LG