Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,6 триллион доллар. "Ҳа"-и Конгресс ба буҷети федеролӣ


Конгресси Амрико бо тарҳи сармоягузории ҳукумати ин кишвар дар соли 2024 ба маблағи 1,6 триллион доллар розӣ шудааст.

Дар изҳороти президент Ҷо Байден гуфта мешавад, ин тавофуқ имкон медиҳад, то аз қатъи муваққати кори як қисми ҳукумат ё худ "шатдаун" пешгирӣ шавад.

Ба гуфтаи Байден, тавофуқ "сатҳи маблағгузориеро, ки ӯ бо ду ҷониб ба созиш расида буд, инъикос мекунад."

Тибқи созиши ҷумҳурихоҳон ва демократҳои Амрико, буҷети соли ояндаи ин кишвар аз марзи 1,59 триллион доллар нахоҳад гузашт.

Буҷети пешниҳодӣ ба бахши дифоии ин кишвар маблағи рекордӣ – 886 миллиард доллар ва барои бахши ғайридифоӣ 704 миллиард доллар пешбинӣ мекунад.

Дар сурати қабул нашудани буҷети нав бештари кормандони идораҳои давлатӣ дар Амрико ба рухсатии бемузд фиристода мешуданд.

Аз соли 1981 дар Амрико 14 ҳолати “шатдаун” ба миён омадааст, аммо бештари онҳо аз ду рӯз зиёд давом намекард. Танҳо дар охири соли 2018, дар давраи президентии Доналд Трамп, “шатдаун” аз ҳама зиёд 35 рӯз идома ёфт.

XS
SM
MD
LG