Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маломату масхара карданд, вале..." Достони марди дӯзанда дар Вахш. ВИДЕО


Файзалӣ Аҳлиддинов
Файзалӣ Аҳлиддинов

Файзалӣ Аҳлиддинов ягона дӯзандаи мард аз Водии Вахш аст, ки барои занон либос медӯзад. Мегӯяд, аз 12-солагӣ барои дӯхтани тоқии арӯсӣ ба холааш ёрӣ медод ва зуд ба ин кор дил баст. Борҳо маломат шунидааст, аммо пайвандон, бахусус модараш, ӯро барои идомаи дӯзандагӣ ташвиқ кардаанд.

"Аввалин куртае, ки дӯхтам барои модарам буд. Хатогӣ дошт, аммо модарам онро писандид. Дар чеҳрааш хурсандиро дидам ва ин чиз маро руҳбалад кард,”-мегӯяд Файзалӣ Аҳлиддинов.

Қаҳрамони гузориши мо давраҳои кӯтоҳи дӯзандагиро дар Душанбе ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон гузаштааст. Ӯ мегӯяд, пайваста ҷараёни мудро дар Тоҷикистону минтақа пай мегирад ва вобаста ба он ба муштариёнаш пешниҳод ҳам медиҳад. Ин дӯзандаи ҷавон ба мисли садҳо ҳазор тоҷикистонии дигар барои беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ба Русия рафт, вале баъд аз нокомӣ ва азоби муҳоҷират баргашт.

Видеоро инҷо бинед:

"Аз хандааш пушаймон шуд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Аммо дар Тоҷикистон, ки аксари оилаҳо суннатӣ ҳастанд, ба мардон иҷрои корҳои, ба истилоҳ, занона осон нест.Дӯхтани либоси занона аз ин қабил корҳо ба шумор меравад.

Файзалӣ Аҳлиддинов мегӯяд, аксари муштариёнаш занон ҳастанд ва бо онҳо душворӣ надорад, вале баъзан эҳсос мекунад, ки шавҳари бархе аз муштариёнаш ӯро хуш намепазиранд.

Файзалӣ яке аз ҳодисаҳоро ба ёд оварда мегӯяд, “як оила омаданд, мард бо масхара тарафи ман нигоҳ карда гуфт, наход мард дӯзанда шавад? Ҳамкоронам барои ин мард чанд мисол оварданд ва ӯ аз гуфтаҳояш пушаймон шуд.”

Дар ин миён заноне низ ҳастанд, ки барои дӯхтани куртаи худ ба Файзалӣ шарт мегузоранд. Бахусус заноне, ки пойбанди дин ҳастанд талаб мекарданд, ки андозаи куртаро ягон зан гирад ва баъд куртаро Файзалӣ дӯзад.

Сарфи назар аз назари мардум Файзалӣ Аҳлиддинов дар дӯконаш ба дӯхтани либосҳои занона идома медиҳаду чархи зиндагияшро мегардонад. Коре, ки дӯст дошту зуд ёд гирифт, вале ба сахтӣ мардумро ба он одат медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG