Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи барканории Ширин Амонзода баъди як сол. Ӯ ҳоло дар куҷост?


Ширин Амонзода дар мансаби вазири кору муҳоҷират бештар аз ду сол кор кард
Ширин Амонзода дар мансаби вазири кору муҳоҷират бештар аз ду сол кор кард

Порлумони Тоҷикистон баъд аз тақрибан як сол (28 декабри 2023) фармони президентро дар бораи барканории Ширин Амонзода аз мансаби вазири кору муҳоҷират тасдиқ кард. Ӯ 23-юми январи 2023 аз мақом озод шуда буд. Дар фармон сабабро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд, вале ӯ ҳеч мақоме нагирифт.

Амонзодаи 45-сола баъд аз рафтан аз ҳукумат ба ҷойи кори пешинааш, Донишгоҳи омӯзгорӣ, баргашт. Моҳи октябри соли 2023 ӯро мудири кафедраи забоншиносӣ ва типология (гунашиносӣ)-и муқоисавии Донишгоҳ таъин карда, вале пас аз ду моҳ озод намуданд.

Амонзода ҳамагӣ ду моҳ мудири кафедра буд
Амонзода ҳамагӣ ду моҳ мудири кафедра буд

Шӯҳрат Каримзода, мудири бахши забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Амонзода ариза навишт ва ба рухсатии эҷодӣ баромад”.

Мирато Комилов, ки ба ҷойи Ширин Амонзода мудири кафедра таъин шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, Амонзода барои таҳқиқ ва навиштани кори докторӣ рафт.

Вазири собиқи меҳнат рӯзи 14-уми декабри соли 2023 нахоста буд, дар мавриди барканорӣ ва кори имрӯзааш бо хабарнигори Радиои Озодӣ гап занад. Танҳо аз рӯйи аксу наворҳое, ки Ширин Амонзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад, дидан мумкин аст, ки берун аз кишвар қарор дорад.

Ширин Амонзода соли 2020, баъд аз эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ба унвони вазири кору муҳоҷират ба ҳукумат омад ва яке аз чеҳраҳои нав муаррифӣ мешуд. Аз ин пеш дар мансаби раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ моҳ кор карда буд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат рӯзи 24-уми январи соли 2023 аз кори Ширин Амонзода танқид карда, гуфтааст, ӯ дар Вазорати меҳнат “сиёсати нодурустӣ кадрӣ” ба роҳ монд. Мақомот ва худи Амонзода расман ҳарфҳои президентро шарҳ надоданд. Дар баробари Амонзода ду муовини ӯ ва сардорони хадамотҳои зертобеи Вазорати меҳнат низ аз кор рафтанд.

Чеҳраи фазои маҷозӣ

Аз ин кори Амонзода бисёриҳо истиқбол карданд
Аз ин кори Амонзода бисёриҳо истиқбол карданд

Замоне ки Ширин Амонзода дар ҳукумат ба ҳайси вазири кору муҳоҷират муаррифӣ шуд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин таъинот истиқболи густардае карданд. Ӯ дар яке аз нахустин корҳояш ба суроғи занони ниёзманди кор дар мардикорбозори Бохтар рафт.

Ин кори ӯ дар фазои маҷозӣ ба вокунишҳои мусбат рӯ ба рӯ шуд, ҳарчанд мушкили занони мардикорбозори Бохтар на замони дар вазирии ӯ ва на ҳоло ҳал нашуд. Ширин Амонзода дар яке аз нишастҳои матбуотӣ гуфта буд, “вазорат чанд маротиба ба онҳо ҷойҳои кор пешниҳод кард, вале нахостанд”.

"Иштибоҳаш ин буд, ки..."

Ҳуқуқдон ва фаъоли маданӣ Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, вазири ҷавон як навъ қурбонии таблиғоти расонаӣ шуд: “Шунида будам, ки бонуи донишманду забондон аст ва хуб суханронӣ мекунад. Интизориҳои зиёд доштам. Аслан, намедонам, чаро ӯро барканор карданд. Аммо дар як чиз иштибоҳ кард. Иштибоҳаш ин буд, ки даркору нодаркор ҳар рӯз ҷойе мерафту худро намоиш медод. Дар борааш шеъру достон навиштанд. Ба ҳар ҷойе мерафт аксбардорони зиёдеро бо худ мебурд, аммо натиҷаи кораш ҳанӯз маълум набуд."

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Бобоназарова бо таъкид бар ин ки ниҳоде, ки Амонзода кор мекард, як вазорати ҷиддӣ аст, гуфт, мушкили муҳоҷират ва бекорӣ ба шахси вазир камтар бастагӣ дошт. “Ин аз мавзуъҳое ҳаст, ки дар сатҳи ҳукумат ва президентҳо ҳал мешавад, мавзӯи сиёсӣ аст, аммо вазир метавонист барои ҳалли хеле аз масъалаҳо мусоидат кунад. Бисёр афсӯс. Шояд беҳтар буд ӯро даъват мекарданду мегуфтанд, фалон корҳоро бигузору ин корҳоро бикун,” – афзуд хонум Бобоназарова.

Ширин Амонзодаи 45-сола дар Душанбе зода шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва риштаи равобити байнулмилали Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон мебошад.

То расидан ба мақомҳои сиёсӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ устод ва номзади илм буд. То соли 2007 дар баъзе аз созмонҳои хориҷӣ кор карда, сипас дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъулият дошт.

Сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша танқидҳоеро ба дунбол доштааст. Мақомот ҳар дафъа аз интихоби кадрҳои хубу кордон ва озмуда ситоиш мекунанд. Мухолифон баръакс мегӯянд, ки мансабдорон на бар асоси лаёқату кордонӣ, балки бештар бар асоси садоқату вафодорӣ ба шахси аввал таъину барканор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG