Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии паҳлавонони тоҷик ба мавсими нав


Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон

Паҳлавонони тоҷик ба мавсими нави ҷудо, намуди олимпии варзиш омодагӣ мебинанд.  

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби занонаи кишвар дар шаҳри Иркутски Русия ба мусобиқоти аввалини соли 2024 омода мешавад. Ҷамъомади таълимию тамринии даста дар Иркутск тибқи нақшаи ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия баргузор шудааст.

Ба ҷамъомад, ки то рӯзи 25-уми январ идома хоҳад кард, мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори роҳбарӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаб Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг), Шоҳида Қаландарова (+57 кг), Мавлуда Одинаева (-63 кг) ва Ҷонона Назарова (+63 кг) дохиланд.

Зимнан, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Ҷопон аз 4-ум то 11-уми декабр барои дастаи мунтахаби мардонаи кишвар низ ҷамъомади таълимию тамринӣ доир карда буд.

Дар ҷамъомади дастаҷамъӣ, ки дар Маркази омодагии олимпии Кодокан (Kodokan School of Judo)-и Токио баргузор шуд, варзишгарони 15 кишвар иштирок доштанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва дигарон дохил буданд.

- Ҷамъомадҳои таълимию тамринй дар Ҷопон ва Русия марҳилаи асосии омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти мавсими нав маҳсуб меёбанд”, - гуфт сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов.

Ба гуфтаи ӯ, варзишгарони тоҷик нахуст дар Гран-прии Португол (Grand Prix Portugol 2024), ки рӯзҳои 26-28-уми январ доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Баъдан паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024), ки аз 2-юм то 4-уми феврал дар Порис баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG