Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Ятимов беҳтарин бозигари сол шуд


Рустам Ятимов
Рустам Ятимов

Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, беҳтарин бозигари соли 2023 эълон шуд. Ин дарвозабони 25-сола, инчунин соҳиби ҷоизаи беҳтарин дарвозабони лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид. 

Зимнан, интернет-портали Transfermarkt Рустам Ятимовро бо арзиши 900 ҳазор евро гаронбаҳотарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст.

Маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ дар соли 2023 муайян шуданд, 29-уми декабр, дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Холмурод Назаров аз дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгари лигаи олӣ сарфароз шуд.

Ҳамадонӣ Камолов аз дастаи “Истиқлол” беҳтарин нимҳимоятгари лигаи олӣ эътироф гардид.

Манучеҳр Ҷалилов, аз дастаи "Истиқлол", беҳтарин ҳамлагари лигаи олӣ дониста, инчунин бо ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гашт.

Ба Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари "Истиқлол", ки дар бозиҳои мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 14 гол зад, ҷоизаи беҳтарин нишонзани лигаи олӣ супурда шуд.

Ҷоизаи беҳтарин бозигари хориҷии лигаи олӣ насиби Евгений Гритсенко – дарвозабони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб гардид.

Игор Черевченко, ки дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо раҳбарии ӯ соли 2023 қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд, беҳтарин мураббии лигаи олӣ эътироф гашт.

Сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Тоҳирҷон Муъминов барои дастовардҳо дар мавсими имсола бо ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Ҷоизаи беҳтарин довари сол насиби Саёдҷон Зайниддинов аз шаҳри Душанбе гардид.

Инчунин дар ин маросим беҳтаринҳои лигаи якум ва тимҳои ҷавонони лигаи олӣ муайян шуда, бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG