Магнус Карлсени 33-сола дар 13 бозӣ 10 имтиёз гирифт. Ӯ ҳафт пирӯзӣ ба даст оварда, шаш бозиро мусовӣ кард ва бори панҷум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Аз ин пеш Карлсен солҳои 2014, 2015, 2019 ва 2022 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.
Ҷои дуюмро Владимир Федосееви русиягӣ, ки Словенияро намояндагӣ кард, бо касби 9,5 имтиёз (7 ғалаба, 1 бохт ва 5 мусовӣ) соҳиб шуд.
Ҷои сеюмро Юй Янъи аз Чин бо касби 9 имтиёз (5 ғалаба ва 8 мусовӣ) гирифт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) Тоҷикистонро ду шатранҷбоз - Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Ҷалолиддин Илҳомӣ – намояндагӣ карданд.
Мустафохӯҷаи 24-сола 6 имтиёз ва Ҷалолиддини 16-сола 3,5 имтиёз ба даст оварда, берун аз садгона ҷойгир шуданд.
Дар мусобиқаи занон оид ба рапид (зудбозӣ) Анастасия Боднаруки русиягӣ бо медали тилло сарфароз гардид.
Аз рӯи натиҷагирии даври охирин - 11‑ум - Боднарук, инчунин Ҳампи Конеру (Ҳиндустон) ва Лэй Тинтзе (Чин) 8,5-имтиёзӣ ба даст оварда, пешсаф шуданд.
Аз рӯи нишондодҳои иловагӣ Боднарук ва Конеру ҳуқуқ пайдо намуданд, ки барои медали тилло бозии иловагӣ (тай‑брейк) намоянд, ки он бо ҳисоби 2,5-1,5 ба нафъи шатранҷбози русиягӣ хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, Анастасия Боднарук бо медали тилло, Ҳампи Конеру бо нишони нуқра ва Лэй Тинтзе .бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Зимнан, дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) ва блитс (барқвор) шатранҷбозони Русия таҳти парчами Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Самарқанд бо иштироки 202 мард аз 48 кишвар ва 125 зан аз 31 кишвар баргузор шудааст.
Ҳамакнун шатранҷбозон оид ба блитс (бозии барқвор) ду рӯз (29-30-юми декабр) рақобат мекунанд.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 1 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба ғолиби сабқати мардон 60 ҳазор доллар, ҷои дуюм 50 ҳазор доллар ва ҷои сеюм 40 ҳазор доллар супурда мешавад.
Ҳамчунин шатранҷбозоне, ки дар сабқати мардон то ҷои 35-умро ишғол мекунанд, бо ҷоизаи молӣ сарфароз мегарданд.
Ба ғолиби сабқати занон 40 ҳазор доллар, ҷои дуюм 30 ҳазор доллар ва ҷои сеюм 20 ҳазор доллар тақдим мешавад.
Инчунин ба шатранҷбозоне, ки дар сабқати занон то ҷои 15-умро мегиранд, ҷоизаи молӣ эҳдо мегардад.