Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омор: Камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 21 дарсад расидааст


Яке аз бозорҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бозорҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 21 дарсад поин омадааст. Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр ҳангоми ироаи паём ба порлумон гуфт, давлат талош дорад дар ҳафт соли оянда камбизоатиро ба 10 дарсад расонад.

Эмомалӣ Раҳмон аз кори давлаташ дар 24 соли охир ситоиш кард ва гуфт, меъёри камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999 то 21 дарсад дар соли 2023 поин оварда шуд.

“Ин кори осон нест. 62 фоиз кам шуд. Мардуми калонсол хуб ба ёд дорем, ки дар кадом шароит зиндагӣ доштем,” -- афзуд ӯ.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омилҳои паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар зиёд суҳбат накард. Аз ҷумла аз кумакҳои молии созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷӣ барои поин овардани мизони камбизоатӣ нагуфт.

Баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон созмонҳои мададрасон ва кишварҳои хориҷӣ ба кишвар миллионҳо доллар ёрӣ карданд.

Ба рӯйхати камбизоатон дар Тоҷикистон танҳо онҳое шомил мешаванд, ки аз тарафи мақомот сабт шудаанд. Баъзе аз мардум мегӯянд, ворид кардани ном ба ин рӯйхат осон нест.

XS
SM
MD
LG