Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳиягари "Масяня" Олег Куваевро таҳти пайгард қарор дод


Олег Куваев
Олег Куваев

Вазорати корҳои дохилии Русия таҳиягари силсилафилми аниматсионии "Масяня" Олег Куваевро таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Куваев, ки аз соли 2006 ба ин сӯ дар Исроил ба сар мебарад, маълум нест, бар асоси кадом банди Кодекси ҷиноии Русия ҷустуҷӯ мешавад.

Вазорати адлияи Русия рӯзи ҷумъаи гузашта таҳиягари "Масяня"-ро "агенти хориҷӣ" эълом кард. Дар сомонаи вазорат гуфта шудааст, ки ӯ зидди ҷанг алайҳи Украина мебошад.

Расонаҳо моҳи октябри имсол хабар доданд, ки алайҳи Куваев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ӯро дар даъват ба фаъолиятҳое муттаҳам мекунанд, ки ба амнияти давлат хатар дорад. Ҷузъиёти парванда ошкор намешавад. Танҳо гуфта шуда, ки ба боз шудани парванда қисми 169-уми филм асос шудааст. Қаҳрамони асосии филм дар ин қисм ба сарбозони рус пешниҳод мекунад, ки таслим шаванд.

Куваев баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина чандин қисми зиддинизомии "Масяня"-ро таҳия кардааст.

XS
SM
MD
LG